Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон

© SputnikОбложка паспорта РТ, архивное фото
Обложка паспорта РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, шиносномаҳои пластикӣ ба он нархе, ки имрӯз аз мардуми кишвар гирифта мешавад, намеарзанд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Усмонзода гуфт, шиносномаи пластикӣ бояд 5 сомонӣ бошаду ивазкунии он дар як рӯз сурат бигирад, чун ба гуфтаи ӯ дастгоҳи тавлиди ин шиноснома дар консулгарӣ кор мекунад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мебошанд - Sputnik Тоҷикистон
Барои гирифтани шиносномаи нав чӣ лозим аст?

"Даҳ доллари амрикоие, ки бо ҳисоби пули миллӣ беш аз 90 сомонӣ мегиранд, ин шиноснома ба он намеарзад. Як пластик аст, ки ба 5 сомонӣ меарзад, тамом”, - таъкид кард раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон зимни суҳбат дар барномаи “Фурсати баён” тариқи радиои "Тоҷикистон".

Ӯ гуфт, бояд нархро дастрас кунанд ва агар муҷаррад хонадор шуд, ё ҷои зистро иваз кард, ивазкунии шиноснома бояд озод дар як рӯз сурат бигирад. Ӯ гуфт, ҳеч зарурате ба интизор кардани мардум то 20 рӯз ҷой надорад.

Раиси Ҳизби демократӣ дар мавриди фасодкории масъулини мизи шиносномадиҳӣ гуфт, ки ин ҷо айби худи шаҳрвандон низ ҳаст, ки ҳаққи худро талаб намекунанд.

“Агар ҳар касе аз мо талаб кунад, мо пора диҳему дар қади кӯча гила кунем, ин хел намешавад. Давлатро ҳама якҷоя бояд бисозем”, - зарур хонд Усмонзода.

Қоидаҳои нави қайди сим-кортҳои мобилӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Шеваи нави сабти сим-кортҳои мобилӣ дар Тоҷикистон

Ӯ гуфт, шаҳрвандон бояд фаъол бошанд, агар масъулини Хадамоти шиносномадиҳӣ даст ба фасод зананд, шаҳрвандон бояд ҳаққи худро талаб кунанду алайҳи тамаъҷӯён ба сохторҳо – аз додситонӣ то ожонси зидди фасод муроҷиат кунанд.

Дар маҷмуъ Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ҳар кори нав шубҳанок асту амалҳои зиёдро талаб мекунад ва на ба ҳама дуруст меояду ба ҳама низ маъқул намешавад. Бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад, аммо сохторҳое, ки ба ин машғуланд дар сатҳи зарурӣ ин корро иҷро накарда истодаанд, изҳор дошт вакил.

Ӯ гуфт, ҳукуматҳои шаҳру ноҳия, асосан ҷамоатҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ таваҷҷуҳ намедиҳанд, бисёрашон сарфаҳм намераванду сиёсати давлатро ба мардум дуруст расонда наметавонанд, баръакс мардумро ба нофаҳмӣ тела медиҳанду ба тамаъҷӯӣ мегузаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала