Пажуҳиши The New York Times аз террори Данғара: суҳбат бо Абдусамадов дар зиндон - видео

© U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTANПогибшие американские туристы Lauren и Jay
Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рукмини Калимачӣ, хабарнигор-пажуҳишгари маъруф, ки барои нашрияи “The New York Times” дар бораи созмонҳои террористии “ДОИШ” ва “Ал Қоида” менависад, дар бораи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара пажуҳиш анҷом дода, баъди боздид аз ҷои ҳодиса, суҳбат бо шоҳидону саркарда дар зиндон таассуроташ аз мардуми тоҷикро баён доштааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Калимачӣ бо нашри пораҳои видеоӣ аз пажуҳиши анҷомдодааш дар Тоҷикистон ва аз ҷумла суҳбат бо Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара изҳор доштааст, ки чизҳои фаротар аз изҳороти расмӣ дар бораи ин ҳамларо пайдо кардааст.

​Пажуҳишгар зимни суҳбат бо Абдусамадов дар изҳотаи маъмурини зиндон, ба ӯ акси Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, ҷуфти кушташудаи амрикоӣ дар Данғараро нишон дода, гуфт, бин дар сурате агар чеҳраашонро надида бошӣ.  Дар ҳоле, ки дар навор сарҷунбонии Абдусамадов нишон дода мешавад, Калимачӣ суол кард, ки “метавонӣ бифаҳмонӣ, ки чаро онҳоро куштед ва чӣ арзише дошт, ки ба ин кор даст задед”.

Рукмини Калимачӣ, дар саҳифааш навиштааст, ки ҳангоми таҳияи гузориш тоҷикистониёнро аз ҷумлаи меҳмоннавозтарин мардуми дунё дарёфт, ки ҳар бори суҳбат аз ҳамлаи Данғара ҳар тоҷик узрхоҳӣ мекард, ба шевае, ки гӯиё масъули ин фоҷиа бошад.

Пажуҳишгар ва дар идома таъкид кардааст гузориши комил шаби якшанбе соати 22:00 пешниҳод мешавад. Дар ин гузориш ҳамчунин боздид аз ҷои ҳамла, нақли шоҳидон ва дигар паҳлӯҳои фоҷиа ироа шудаанд, ки ҷузъиёти он дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.

​Ҳамлаи террористӣ ба гуруҳи гардишгарон дар Данғара 29 июли соли 2018 рух дод, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кул: Ҳусейн Абдусамадов метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад

Мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии Абдусамадов аввал бо мошини худ тамғаи “ДЭУ Леганзе”,  сайёҳони хориҷӣ Геогхеган Л.А.М., Аустин Ҷ., Вокке Р.В., Хуммел М. ва Дименд М.К-ро зер карда, сипас бо кордҳо ва табар ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон зарбаҳои марговар заданд.

Дар натиҷа 4 нафарашон ба ҳалокат расида, Дименд М.К. ҷароҳати вазнин ба саломатӣ бардошта, бо ҳамроҳии Постма К.И., ки ҳуҷуми ҷинояткоронро мушоҳида карда, дар канори роҳ пинҳон гардида буд, ҷон ба саломат бурдаанд.  Сайёҳи дигари ин гуруҳ Казабат Г.Ж., ки аз ҳамсафарони худ ақиб мондааст, зинда мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳамла Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро муттаҳам карданд, аммо масъулини ин ҳизб дар хориҷ ин иттиҳомро рад намуданд. Созмони террористии “ДОИШ” бо нашри як навар масъулияти иҷрои ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов саркардаи ҳамла ба сайёҳонро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0