Дар Узбакистон нозирони роҳ ба ронандагон яхмос тақсим мекунанд

© Pixabay / silviaritaФруктовое мороженое
Фруктовое мороженое - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар перевали “Камчик” нозирони роҳи Бозрасии давлатии Автомобилии (БДА)  вилояти Намангон аз сабаби гармии зиёд ба ронандагон яхмоси ройгон тақсим карданро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Кормандони БДА дар ағбаи “Камчик” дар ҳудуди вилояти Намангони Узбакистон аз сабаби гармӣ ба ронандагон тақсими яхмоси ройгонро ба роҳ мондаанд, иттилоъ додааст саридораи амнияти ҳаракат дар роҳи Раёсати корҳои дохилӣ (РКД) вилояти Намангон.

Ҳавои гарм дар шаҳр - Sputnik Тоҷикистон
Фаввора ва яхмос: чӣ гуна сокинони Хуҷанд аз гармӣ паноҳ меҷӯянд

Дар Узбакистон аз 25 июн то 5 август аз ҳама давраи гармтарин ба ҳисоб меравад. Миёни мардум ин давраро "чилла" ҳам меноманд.

Ба маълумоти идораи ҳавосанҷии Узбакистон дар ин ҳафта ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад, дар навоҳии ҷануб то 40 дараҷа ва дар биёбонҳои минтақаи шимол то 42 дараҷа  баланд хоҳад шуд. Дар соатҳои гарми рӯз ҳаво дар Тошканд аз 40 то 43 ва дар ҷануби кишвар то 45-47 дараҷа гарм мешавад.

“Дар ағбаи “Камчик” кормандони идора оид ба амнияти ҳаракат дар роҳи Раёсати корҳои дохилаи вилояти Намангон ба ронандагон яхмоси ройгон тақсим карданро оғоз карданд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ин ин ниҳод дар шабакаи иҷтимоии Telegram.

Кормандони ин ниҳод амали мазкурро як воситаи баланд бардоштани сатҳи ҳушёрии ронандагон, дар ағбаи баланд аз ҳавои тафсон медонанд.

Ағбаи “Камчик” дар қаторкуҳҳои Кураминск ҷойгир шудааст. Баландии ин ағба аз сатҳи баҳр 1,2 ҳазор метрро ташкил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0