Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон зиёд шудааст

© AFP 2023 / FABRICE COFFRINIМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли ҷорӣ суръати истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст, ки дар натиҷа тилло ба андозаи 60,8% ва нуқра 37,6% афзуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тайи моҳи январ-майи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 60,8% ва металли №2 нуқра – 37,6% афзуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 2% боло рафт

Соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуда, дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо (афзоиш нисбат ба соли 2017 - қариб 17%) истеҳсол шуда буд.

Ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.

Дар гузориши моҳи апрелии World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло) қайд шуд, ки Бонки милии Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон 1 тонна тилло фурӯхтааст.

Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Нишонаи бад”: Русия бо хариди рекордии тилло Бритониёро нигарон кардааст

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – “Зарафшон” ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ “Зарафшон”, КМ “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, корхонаи заршӯйӣ (артел)-и “Одина” ва ширкати “Пакрут”  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2018 истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 6431,8 килограмм тилло истеҳсол шуда буд.  

Лентаи хабарҳо
0