Видеои суханронии пурэҳсоси Президент: сухане, ки модар гуфт на занат мегӯяд...

© Фото : WikipediaЭмомали Рахмон и его семья, архивное фото
Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухане, ки модарат мегӯяд, на занат мегӯяд, на духтарат мегӯяд, на писарат мегӯяд, на набераву абераат. Модарам мисли академике буд, ки бароям беҳтарин маслиҳатҳоро медод, ба ёд меорад Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Сангвор ба раисҷумҳур баъди мулоқоташ ба фаъолону роҳбарон нигораи модарашро тӯҳфа карданд.

Тавре дар наворе, ки шабакаи аввали Тоҷикистон аз ин мулоқот нашр кардааст, дида мешавад, ин тӯҳфа хело ба раисҷумҳур писанд омадааст ва кишвардор пас аз дидани он аз модараш ёд меорад.

"Сабабгори хондани ман ҳамин модари ман аст, падарам намемонд. Мегуфт, ки ман танҳо мемонам. Модарам гуфт, ки ба ҷои писарат ҳам ман кор мекунам, аммо ба бачам дуо деҳ, ки равад хонад", - ба хотир меорад президент.

Раисҷумҳур таъкид мекунад, ки "ҳоло синну соли ӯ низ ба ҷое расидаасту доим ба фарзандонаш таъкид мекунад, ки ба қадри падару модар расанд".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хело ҷавону бетаҷриба будам: ёди Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои президентиаш - Видео

"Модар чизи азиз аст, вақте ҳастанд падару модар ба қадрашон намерасем, ман ҳамон қадар кардам, вале имрӯз мегӯям, ки чизе накардам, ҳама чиз дар дастам буд, вале ба падарам ва модарам нигоҳ карда натавонистам, ба кӯдаконам мегӯям, набераҳоям мегӯям, ки манро натавонистед, модаратонро нигоҳ кунеду дуо гиред. Ҳамин аст, ба ҳамамон дахл дорад, дуои неки падару модара гирифтан даркор", - таъкид мекунад вай.

Раҳмон ба сохтмони бинои нави маъмурӣ дар Навобод оғоз бахшиду дар намоишгоҳ иштирок кард

Тӯҳфаро бисёр зебо кардаст, қариб асл, меафзояд раисҷумҳур ба акс нигариста.

"Модарам ба ман маслиҳат медоданд. Мисли академик буданд, сухане ки модар ба фарзанд мегӯяд, на занат мегӯяд, на духтараат мегӯяд ва на писарат мегӯяд, на набераву абераат нагӯяд", - мегӯяд пурэҳсос Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, сафари кори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи водии Рашт 24 июн оғоз шуд. Пештар дар ноҳияи Нуробод ба президент табақи калони  чӯбӣ ҳадя карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0