Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи махсуси ИМА-ро қабул кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон встретился со спецпредставителем США по вопросам мира в Афганистане Залмаем Халилзадом
Эмомали Рахмон встретился со спецпредставителем США по вопросам мира в Афганистане Залмаем Халилзадом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 27 июн дар Қасри миллат Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури мусолиҳа дар Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Патрушев: Русия барои таҳкими артиши Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки бо саъйю талоши муштарак метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, Залмай Халилзод бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ ва мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд додаст. Манбаъ афзуд, Халилзода ба Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда ҳамчун роҳбари ташаббускор аз номи роҳбарияти маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи сипос намуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон,  талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 

Лентаи хабарҳо
0