Аз ифтитоҳи иншоот то шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум: сафари Раҳмон ба Рашт анҷом ёфт

Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ба шаҳри Душанбе баргашт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими гусели Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони ноҳияи Рашт чун расми истиқболи меҳмони олиқадр бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум сурат гирифт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 24 то 27 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор дошт.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҷараёни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре манбаъ қайд намудааст, яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президент бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.

“Зимни мулоқотҳои самимӣ Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияҳоро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят кард”, - зикр намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала