Дастгоҳҳои аврупоӣ барои назорати парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар Душанбе

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонДастгоҳҳои назорати парвозҳо дар корхонаи "Тоҷикаэронавигатсия" дар Душанбе
Дастгоҳҳои назорати парвозҳо дар корхонаи Тоҷикаэронавигатсия дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе манораи нави назоратӣ-танзимнамоии корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ба истифода дод

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин иншооти дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса дар давоми 18 моҳ бунёд карда шуд.

Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот қазияи бозгашти ҳавопаймои хатсайри Сургут-Тоҷикистонро тафтиш мекунад

“Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст”, - таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, баландии манора 41,23 метр буда, дар қисми болоии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст, ки дар пояи баландии 36 метр бунёд гардидааст.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар 21 зерсохтор 469 нафар кор мекунанд, ки аз шумораи умумии кормандони соҳа 94 нафар занону духтарон мебошанд.

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Фаронса мехоҳад Раҳмон зимни сафараш мушкили бонкҳоро ҳал кунад

Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи манораи назоратӣ-танзимнамоӣ бо сатҳу сифати корӣ ва усули идора, танзиму назорати масири парвозҳо дар фазои Тоҷикистон шинос шуда, аз кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои вазифаи касбии худ масъулиятшинос бошанд ва содиқу поквиҷдон ба нафъи Ватану миллат хизмат намоянд.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани манораи танзиму назоратӣ акнун дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ анҷом дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0