Коршинос: Ваҳдати миллӣ – омили асосии инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шуд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми солҳои 1997-2018 дар натиҷаи татбиқи қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” иншооти  зиёди хурд ва корхонаҳои миёнаю калон хусусӣ гардонида шуданд, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон  нақши муҳим гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Коршинос ва корманди Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Аминҷон Одинаев дар мусоҳиба ба агентии “Ховар иброз доштааст, ки “Ваҳдати миллӣ омили асосии инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гардид”.

Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: рушди соҳаи сайёҳӣ ба се мушкилоти бузург рӯ ба рӯ шудааст

Манбаъ афзудааст, ки маҳз  пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  имкон фароҳам омад, ки дар ҷумҳурии  Тоҷикистон  марҳала ба марҳала инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ барқарор  ва  барои таъмини рушди минбаъдаи тамоми  соҳаҳои  мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул  гарданд.

Аминҷон Одинаев  дар мусоҳиба ба агентии “Ховар” изҳор доштааст, ки “Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум, яъне баъди имзои Созишномаи сулҳ мамлакати мо ба марҳалаи рушд ворид гардида,  пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид. Агар мо инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро зодаи Ваҳдати миллӣ гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Маҳз  дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид”.

Абдугани мамадазимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Мамадазимов: Теҳрону Душанбе мехоҳанд равобити сардро паси сар кунанд

Мавриди зикр аст, ки аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” мебошад.

Дар давоми солҳои 1997-2018 дар натиҷаи татбиқи қонуни мазкур  иншооти  зиёди хурд ва корхонаҳои миёнаю калон хусусӣ гардонида шуданд, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон  нақши муҳим гузошт.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию  иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7 дарсад таъмин гардид.

Виктор Литовкин - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Литовкин: Тоҷикистон ба пурзур намудани артиш ниёз дорад

Ҳоло  агар мо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони бадаст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, пас дар ин росто  мамлакати  мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Масалан, агар  дар солҳои аввали  баимзорасии Созишномаи  истиқрори сулҳ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии  мамлакат  518,4 млн. сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 беш аз 68 млрд. сомонӣ  ва афзоиши воқеии он ба  7,3 дарсад баробар гаштааст.  Дар ин давра  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз  7 597,4 сомонӣ ё тақрибан 75 маротиба зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ  соли 2018 даромади пулии аҳолӣ тақрибан 28 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 348,3 миллион сомонӣ баробар буд. Ҳамаи ин боиси то се баробар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ,  беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба ин васила  то 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон гардид.  Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар соли 1997 ба 67,6 сол баробар буд.

Пункт КПП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Сергей Шойгу бо мақомоти Тоҷикистон чиро баррасӣ мекунанд

Дар шароити ҳассосӣ муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ноил гаштан ба  нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Расидан ба ин мақсад аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Тавре дар боло зикр кардем, бодарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, Ҳукумати  мамлакат  аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризояти миллӣ ба такмил додани механизҳои озоди иқтисодӣ, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, татбирҳои зарурӣ  меандешад.

Евгения Войко - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро гуфт

Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҷиҳати рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Ҳамин тариқ,  истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ин самт стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия ва тадбиқ гарданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ,  ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда,  соли 2018 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан, 2,5 маротиба зиёд мебошад.

Руслан Гереев, руководитель Центра исламских исследований Северного Кавказа - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: қочоқи маводи мухддир аз Афғонистон барои Русия ва кишварҳои ҳамсуд хатар дорад

Давоми солҳои 1997-2018 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 6,6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, зиёда аз 2 баробар, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, беш аз 1 маротиба зиёд гардидаанд.

Дар давраи номбурда, фонди музди меҳнати ин корхонаҳо зиёда аз 1,1 миллион сомонӣ ва ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулот аз 6,1 миллион сомонӣ то зиёда аз  220,2- 4421,6 миллион сомонӣ баробар гардид.

Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз омилҳои муҳими дигари баланд бардоштани самараноки фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: суръати пасти интернет айби VPN не, операторҳои мобилӣ аст

Таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ имкон фароҳам овард, ки фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзию молиявӣ дар  мамлакат  беҳтар гардад.

Айни замон бо мақсади  мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории ҷумҳурӣ  бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.

Мувофиқи омори расмӣ давоми солҳои 2000-2018 ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат тақрибан 23 маротиба зиёд гардидааст.

Директор по коммуникациям Института исследований интернета Дмитрий Чистов - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: назорати шабакаи Youtube аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ин иқдоми аҷиб аст

Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанўз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мондааст.

Истиқрори сулҳ  ва ризояти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардад. Бояд зикр намуд, ки давоми солҳои 1997-2018 дар ҳаҷми беш аз 40534,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки ин вазъи зиндагии мардум ва соҳибкоронро ба маротиб беҳтар гардонид.

Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки ҷумҳурии  мо, бори сеюм ба қатори даҳ кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад.

Ҷашнвораи театрии Парасту дар Душанбе ифтитоҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, намоишномаҳои театри тоҷик замонавӣ нестанд

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар  Паёми худ ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат,  инчунин дар  вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ  бахшида ба рӯзи соҳибкорон, масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузориро ба таври алоҳида мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини дурнамои рушди ин бахши муҳими  иқтисодиёт дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар ҳалли масоили ҷойдошта воқеъбинона   назар кунад, ин бахши муҳими иқтисодиёт ба дастоварҳои боз ҳам назарас метавонад ноил гардад.

Бинобар ин мақомоту сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкориро лозим аст, ки ба ин нукта ва масъалаҳои зикршуда  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Лентаи хабарҳо
0