Истеъфои Фузайлов ва ашки Фатҳулло баъди муваффақ нашудани “Истиқлол” - акс

© акс аз сомонаи ФФТҲаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими “Истиқлол”,
Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими “Истиқлол”,  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими “Истиқлол”, қаҳрамони футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ғайриқаноатбахши бозӣ бо тими “Олтин Асир” аз мақомаш истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” дархости истеъфои Фузайловро шоми 27-уми июн қабул кардааст.

Мухлис баъди шикасти тими Истиқлол дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо пирӯзӣ лозим буд: “Истиқлол” аз сабқатҳо барои ҶКО – 2019 канор монд

Ҷойгузини муваққатии Фузайлов дар мақоми сармураббии “Истиқлол” то анҷоми мавсим ёрдамчии ӯ Алишер Тӯхтаев хоҳад буд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ баъди мусовӣ бо  тими “Олтин Асир”-и Туркманистон, аз ҳаққи идомаи қувваозмоӣ барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё – 2019 маҳрум гардид.

Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани тими “Истиқлол” ва муаллифи ягона гол дар қуввозмоӣ бо “Олтин Асир” баъди анҷоми ин бозӣ ашк рехт. Тими “Истиқлол”-ро дар ин сабқат танҳо пирӯзӣ метавонист қонеъ кунаду дар қувваозмоиҳо барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё нигоҳ дорад.

Алӣ Мастов, мухлиси варзиш дар Тоҷикистон бо нашри акси ашкрезии Фатҳуллоев изҳор доштааст, ки ашки Фатҳулло ин нишонаи мардонагӣ, ғурур, номус, садоқат ва масъулиятпазирии ӯст.

Бозии даври шашум миёни “Истиқлол” ва “Олтин Асир” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 26 июн баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ин натиҷа ба қаҳрамони Туркманистон имкон дод, ки дар гуруҳ мақоми аввалро соҳиб шаваду ба марҳилаи баъдии ҶКО-2019 барояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала