Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба Белорус, рӯзи якшанбе дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Урупоӣ ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Боғи дӯстии тоҷикону белорусҳо дар, ки дар ду вилоят - дар Гомел ва Брест сохта шуд рамзи ҷиддӣ аст, гуфт Александр Лукашенко зимни дидор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Белорус.

"Шумо на танҳо дӯсти ҳақиқии ман балки дӯсти халқи Белорус ҳастед. Мо чорабинии бузурги фарҳангӣ дорем. Он на танҳо варзишӣ аст. Ҳазорон хориҷиҳо меҳмони мо ҳастанд. Онҳо бо Белорус ошно мешаванд ва дар ҳайрат меафтанд, ки назари онҳо дигаргуна буд",- гуфт раҳбари Белорус ва афзуд, ки президенти Тоҷикистон дар бораи Белорус маълумоти дақиқ дорад.

Президент России Владимир Путин, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
"Путин меояд, секаса суҳбат мекунем": Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон

"Мо харитаи муносиботамонро каме дигар мекунем. Мо дар бораи муносиботи гармтар миёни Тоҷикистону Белорус ва кишварҳои сеюм ҳарф мезанем",-қайд кард Лукашенко.

Боғи дӯстии тоҷикону белорусҳо дар ду вилоят - дар Гомел ва Брест рамзи ҷиддӣ аст, гуфт Александр Лукашенко зимни дидор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

"Иқлим бисёр тағйир ёфтааст. Ба вижа мо тағйирёбии иқлимро имсол эҳсос кардем. Ҳарорат ин ҷо  ба фикрам аз Душанбе ҳам дида гармтар аст. Сипос аз шумо. Шумо дирӯз бо худ боду ҳавои нағз овардед: борон борид. Ба вижа дар қисми марказии Белорус",-гуфт Александр Лукашенко.

Суҳбати кишвардорон дар паси дарҳои баста давом кард.

Лентаи хабарҳо
0