Бетартибиҳо дар Қазоқистон: чаро сокинон шаҳрванди хориҷиро мекӯбанд? - видео

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Акси шаҳрванди хориҷӣ бо духтари қазоқистонӣ боиси бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳраки навбатдории Тенгиз шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар шаҳраки навбатдории Тенгизи Қазоқистон бетартибиҳо сар зад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Дар шаҳраки навбатдории Тенгиз коргарон шаҳрванди хориҷиро латту кӯб карданд. Бино ба маълумоти пешакӣ, сокинони маҳаллиро акси марди хориҷӣ бо духтари қазоқистонӣ ба хашм овардааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин акс духтари қазоқистонӣ амали беҷо кардааст.

Коргарон ин аксро таҳқиромез унвон карданд. Дар ин росто беш аз ҳазор коргари кони нафти Тенгиз корпартоӣ карданд.

Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он коргарони кони нафт шаҳрванди хориҷӣ-марди арабро латту кӯб мекунанд. Воқеъа дар ҳудуди заводи Тегиз ба вуқӯъ пайваст. 

Взрывы и паника: военные эвакуируют местных жителей - видео - Sputnik Тоҷикистон
Таркиш ва ваҳм: низомиён сокинони Арисро мекӯчонанд - видео

"Дар коргоҳи ташкилоти CCEP миёни коргарон ҷанҷоли шахсӣ сар зад, ки дар паи он чанде аз коргарон захмӣ шуданд. Мақомоти пулис дар ҷои ҳодиса қарор дорад", - шарҳ доданд дар ташкилот.

Муовини аввали вазири энержии Қазоқистон Махамбет Достмухамбетов фавран ба ҷои ҳодиса ба шаҳраки Тенгиз парвоз кард. 

Ба гуфти сухангӯи вазири энержӣ Нурлибек Женисбек, ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳалли қазия чора меандешанд.

Лентаи хабарҳо
0