Боздошти мошиндузд дар шаҳраки Ғарм: Мерседесро рабуд аммо дур нарафту ба садама дучор шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷавонеро дастгир намудапнд, ки дар рабудани мошин аз шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ҷавони 23-солае дастгир шуд, ки дар рабудани мошини “Мерседес-Бенс” гумонбар дониста мешавад

Бонувони мошиндузд “Опел”-ро дӯст доштаанд

Тавре манбаъ қайд намудааст, ба мақомоти милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25 июни соли равон,  шахси номаълум худраси шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки дар назди хонаи падараш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

“Номбурда мошини дуздидаашро дар деҳоти Ғарми болои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора набаромада, ба девор бархӯрда, автомашинаро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,- таъкид намудааст Вазорати умури дохила.

ВУД Тоҷикистон: дар Панҷакент мошиндузд дастгир шуд

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карданд.

 Дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур аз сӯи кормандони милитсия тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0