Мақомоти шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваро мумфарш мекунанд

Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар додааст, роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваи маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳри Хуҷанд мумфарш хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваи маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳр расман ҳусни оғоз бахшиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода марз бо Узбакистонро мумфарш мекунад

Манбаъ таъкид намудааст, ки роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффорова, ки аз кӯчаи 30 солагии Ғалаба то корхонаи Алмосро ташкил медиҳад, бо дарозии 0, 65 км бо масоҳати умумии 5210 метри мураббаъ мумфарш карда мешавад. Пудратчии роҳи мазкур корхонаи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳии ҳамоиши мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Профессор Ҷӯраев аз ҳисоби худ як кӯчаи шаҳри Хуҷандро мумфарш кард

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз оғози маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд як қатор кӯчаҳои шаҳр аз ҷумла Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Саиднофеъ Саидвалиев, Чайковский, Озодӣ, Деҳқон, дохили маҳаллаи маҳаллаи Баҳор, микроноҳияи 12-ум ва ғайраҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ва ғайраҳо мумфарш карда шуданд.

Роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш мешавад

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинони шаҳр хоҳиш намудааст, ки хонаву дар ва кӯчаю маҳаллаҳои худроо бо тарҳи милливу муосир обод намоянд, то ин ки сайёҳони хориҷӣ аз қадимию фарҳангӣ будани миллати тоҷик маълумоти бештар гиранд. 

Лентаи хабарҳо
0