Фоиз не, пуламро диҳед: маслиҳати БМ ба модари танҳо барои пулситонӣ аз “Агроинвестбонк”

© Sputnik Амир ИсаевМуродали Алимардон. Архивное фото
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳринисо Рашидзода, модари танҳо аз шаҳри Панҷакент, мегӯяд, маблағи таҳсили фарзандонашро наметавонад аз “Агроинвестбонк” бозпас гирад ва дар натиҷа ду фарзанди донишҷӯяш ба хатари хориҷшавӣ аз донишгоҳҳо рӯбарӯ шудаанд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Рашидзода навиштааст, ки пас аз вафоти шавҳараш дар соли 2009, дар баробари таъминоти оила, як қисми маблағи коркардаашро барои касбомӯзии фарзандон дар филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар шаҳри Панҷакент пасандоз намуд.

Галина Ярошевич - Sputnik Тоҷикистон
Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

“Фарзандонам яке пайи дигар донишҷӯ шуданд. Ҳоло Наргис Ҳабибзода донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи байналмилалии “Ататюр-АЛАТТО”- и Ҷумҳурии Қирғизистон ва Далер Ҳабибзода донишҷӯи курси якуми филиали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Панҷакент мебошанд. Ҳарду тариқи шартнома таҳсил менамоянд”, - навиштааст ин модар ба нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон, - “Ҷумҳурият”.

Ӯ афзудааст, ки ҳоло бонк пули пасандозашро намедиҳад, то маблағи шартномаи таҳсили фарзандонро пардохт намояд. Ин дар ҳолест, ки аз донишгоҳҳои номбурда барои таъхири пардохти маблағ ба унвони ин модари танҳо огоҳинома фиристодаанд.

Таджикские хлопководы требуют выплаты зарплаты перед Домом правительства (21 марта 2019). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши эътирозии такрории тоҷикон дар назди Ҳукумати Арманистон

“Ман аз баҳри фоидаи пасандоз гузаштаму танҳо маблағи худамро гирифтан мехоҳам. Аммо роҳбарияти бонк ҳамон пули гузоштаамро барнамегардонад”, - навиштааст “Ҷумҳурият” аз қавли ин модари танҳо.

Баҳринисо Рашидзода изҳор доштааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосташ барои мусоидат дар баргардондани маблағҳо  маслиҳат додааст, ки барои ситондани маблағҳои гузоштааш ба суд муроҷиат намояд.

Ӯ афзуд,  маълум нест, ки то куҷо даъвоҳои судӣ барои ҳалли мушкилаш мусоидат мекунанд ва изҳори умед намудааст, ки масъулин бо хондани ин муроҷиатномааш барои рафъи мушкилоти ӯ ва фарзандонаш чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ин муроҷиат дар ҳолест, ки мизоҷони зиёди бонкҳо дар Тоҷикистон ба мушкили бозпас гирифтани маблағашон аз бонкҳои кишвар дучор шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала