Харидор дар хориҷ: имсол дар Конибодом 20 000 тонна зардолу истеҳсол мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономическая выставка-ярмарка СУГД-2019
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зардолуи ин минтақаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад ва тибқи пешбиниҳо имсол ҳаҷми содироти зардолу афзун хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Боғдорони шаҳри Конибодом ният доранд, имсол 20 000 тонна зардолу истеҳсол намоянд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар Конибодом майдони боғи зардолу 11 ҳазору 300 гектар буда, аз ин миқдор 7 ҳазору 200 гектараш ҳосилдеҳ, яъне мевадиҳанда мебошад.

Дидори Аҳмадзода аз Боғи миллии Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода дар Боғи миллии “Ваҳдат” олуву зардолу чинд

"Имрӯз бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ боғдорон ба ғунучини меваҳои шаҳдбор машғул буда, вақти худро бештар дар зери дарахтон сипарӣ мекунанд",-омадааст дар хабарнома.

Соли гузашта боғдорони шаҳр ҳудуди 18 000 тонна меваи тар ҷамъоварӣ намуда буданд ва соли равон бошад, ҳосили интизории зардолу бештар аз 20 000 тонна арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки зардолуи ин минтақаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад ва тибқи пешбиниҳо имсол ҳаҷми содироти зардолу афзун хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0