Олимон гуфтанд, ки инсон пеш аз марг чӣ эҳсос мекунад

CC0 / Pixabay / Депрессия
Депрессия - Sputnik Тоҷикистон
Олимон муайян карданд, ки одамон чӣ гуна расидани рӯзи охиратро эҳсос мекунад

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Гурӯҳи олимон исбот карданд, ки одам пеш аз марг чӣ эҳсос мекунад, менависад вебгоҳи Medicalxpress.

Коршиносон аз Дания, Норвегия ва Олмон пажӯҳише гузарониданд, ки дар он довталабон аз  35 кишвари дунё тариқи онлайн ширкат карданд.

Дар паи таҳқиқот муайян шуд, ки тақрибан 10 дарсади одамон замони расидани маргро эҳсос мекунад.

Ба гуфти 87 дарсади довталабон ин эҳсосот бо дарки ноаёни вақт намоён мешуд. 65 дарсади ширкаткунандагон суръати баланди фикрониро эҳсос карданд. Ҳамчунин 63 дарсади довталабон шиддатнокии эҳсосотро қайд кардаанд.

Спящая девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чанд соат бояд хуфт, то зебо шуд

Дар баробари ин 53% довталабон зикр карданд, ки худро берун аз бадани худ эҳсос мекарданд.

Духтарон барои зиёфатхӯрӣ ба мулоқот бо писарон мебароянд: олимон

Олимон қайд карданд, ки чунин эҳсосот дар одамоне, ки таҳдиди марг надоштанд, ҳам дучор мешуд. Ин ба он ашхосе дахл дорад, ки масалан ба садамаи нақлиётӣ дучор шудаанд, ё сактаи дилро аз сар гузаронидаанд.

Олимон: дастгоҳи компютерӣ метавонад террористҳоро муайян кунад

Илова бар ин, барои 73 дарсади довталабон эҳсосоти пеш аз марг нофорам будаасту барои 27 дарсади довталабон эҳсосот хуш будааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала