Путин ба Минск парвоз кард

Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия бо раисиҷумҳури Белорус мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба Минск парвоз кард.

Дар чорчӯби сафари хуб ба Минск, президенти Русия Владимир Путин бо кишвардори Белорус Александр Лукашенко суҳбат хоҳад кард. Ҳамчунин раҳбари Русия дар маросими пғшидашавии Бозиҳои Урупоӣдар Минск ширкат хоҳад кард.

Президент России Владимир Путин, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Путин ва Лукашенко дар Минск вомехӯранд

Қайд мешавад, ки Владимир Путин дар шаҳри Минск бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад.

Пештар Лукашенко гуфта буд, ки дар Минск суҳбати сеҷонибаи сарони Русия, Белорус ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар баробари ин ҷониби Русия то ҳол суҳбати сеҷонибаро тасдиқ накардааст.

Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

Бозиҳои Урупоӣ рӯзи 21 июн дар Минск оғоз шуданд. Дар ин маросими бошукӯҳи варзишӣ беш аз 3,6 ҳазор варзишкор ширкат мекунад.

Дар сабқатҳо то кунун дастаи Русия аз дигар рақибонаш бартарӣ дорад. Варзишкорони ин кишвар 39 медали тилло, 19 нуқра ва 35 нишони биринҷиро аз худ кардаанд. Мақоми дуюмро Белорус (22-14-25) аз худ кардаасту ҷои сеюм насиби Итолиё (11-13-11) шудааст.

Лентаи хабарҳо
0