Ғайричашмдошт: Трамп вориди Кореяи шимолӣ шуду Ким Чен Инро ба ИМА хонд - аксу видео

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА зимни боздид аз Кореяи Ҷанубӣ ба хатти марз рафта, бо Ким Чен Ин, роҳбари Кореяи шимолӣ мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Трамп дар пайи дастфишорӣ хостори убури хатти марз шуд ва бо иҷозати Ким Чен Ин вориди қаламрави Кореяи Шимолӣ гардид.

Дар пайи бозгашт ба қаламрави Кореяи ҷанубӣ Ким Чен Ин гуфт, Трамп нахустин раисиҷумҳури ИМА мебошад, ки вориди хоки Кореяи Шимолӣ шудааст ва иқдоми ӯ баёнгари азмаш барои бартарафсозии танишҳои ҷонибҳо мебошад.

Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки ин барояш ифтихор аст ва таъкид намуд, ки ду ҷониб ба равандҳои зиёди мусбат даст ёфтаанд. Ӯ инчунин гуфт, Ким Чен Инро ба ИМА ба Қасри Сафед даъват мекунад.

Трамп аз нияти мулоқот бо роҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзе қабл тариқи Твиттер хабар дод, ки ба гуфтаи Ким Чен Ин барояш ғайриинтизор буд ва ин мулоқот давоми як шаб мувофиқаю ташкил гардид.

Раисиҷумҳури ИМА барои қабули дархости мулоқот ба роҳбари Кореяи Шимолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт дар акси ҳол расонаҳо баъди навиштааш дар Твиттер метавонистанд ӯро дар ҳолати ногувор бозтоб диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0