Ҳушдори КҲФ аз 3 рӯзи хатарзои оғози июл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина утоляет жажду прохладным айраном
Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон истинодан ба маълумоти ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.

Сбор урожая в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии коршиносон дар бораи коҳиши даромади деҳқонони тоҷик

“Гармои шадид дар баландкӯҳҳо  сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст”, - омадааст дар иттилоия.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ҳамчунин ҳузур дар назди дарёву дигар махзанҳои об эҳтиёткор бошанд.

“Талош кунед зери шуоҳои мустақими офтоб камтар истед. Дар ҳоли зарурат фаромӯш накунед, ки дар сар кулоҳ дошта бошед ва ё чатр бигиред.  Бештар об истеъмол кунед.  Дар ёд дошта бошед, ки аз гармо бештар кӯдакон ва солмандон ранҷ мебаранд”, - таъкид кардааст Кумита.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳо махсус эҳтиёткор бояд, зеро дар гармо вазъи саломатӣ метавонад якбора тағйир ёбад, ҳаввос парешон шавад ва суръати эътино коҳиш ёбад.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳодисаҳои ногувор бо телефонҳои  112,  93 880 28 19 ва ё 223-13-11  хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0