Шарҳи латукӯби Насибаи 23-сола дар қаҳвахонаи Душанбе ва парванда алайҳи Маркарян-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина тянет за волосы женщину, архивное фото
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Маркарян Карлен Артурович, сокини пойтахт бо иттиҳоми авбошӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои РВУД, Маркарян дар латукӯби Насиба Холиқова, пешхизмати 23-солаи қаҳвахонаи “Сим-Сим”-и Душанбе муттаҳам мешавад.

Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хуршед Азизов: арӯсамро даъват кардам- омад, гапамон гурехт - лату кӯб кардам - Навор

Манбаъ афзуд, дар пайи нашри навори латукӯби пешхидмат дар интернет, маъмурини милиса муайян кардаанд, ки 12 июни соли 2019 тахминан соати 13.30 дақиқа шаҳрванд Маркарян Карлен Артурович бо тахаллуси тоҷикии “Анас”, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, дар дохили ҳавлии қаҳвахонаи “Сим-сим”, воқеъ дар кӯчаи Маяковский даст ба авбошӣ задааст.

 

© акс аз сомонаи раёсати умури дохилии ДушанбеМаркарян Карлен, сокини Душанбе, муттаҳам дар латукӯби пешхизмати 23-солаи қаҳвахонаи "Сим-сим"
Шарҳи латукӯби Насибаи 23-сола дар қаҳвахонаи Душанбе ва парванда алайҳи Маркарян-видео - Sputnik Тоҷикистон
Маркарян Карлен, сокини Душанбе, муттаҳам дар латукӯби пешхизмати 23-солаи қаҳвахонаи "Сим-сим"

 

“Маркарян ба пешхизмати қаҳвахонаи мазкур шаҳрванд Холиқова Насиба Азизовна, соли таваллудаш 1996 дарафтода, бо мушту лагад ба сару рӯ ва дигар мавзеъҳои ҳаётан муҳими ҷавонзани 23-сола задааст. Ҳолати мазкурро сабти навори камераҳои мушоҳидавии қаҳвахона тасдиқ мекунанд”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти умури дохилӣ.

Қаблан сомонаи “Ахбор” навори латукӯби ҷавондухтар аз сӯи ҷавонписарро нашр намуд, ки тариқи дастгоҳҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар пайи таҳқиқи ин навор маъмурини милиса алайҳи муттаҳам – Маркарян бар асоси моддаи 237 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.  

РВУД афзуд, ки муттаҳам ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми авбошӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала