Рӯзи истироҳатии Раҳмон дар Минск ва парвоз ба Ватан - видео

Обуна шудан
Рӯзи истироҳатии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаи кишвардорон - президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Белорус Александр Лукашенко гузашт

Сарони кишварҳо нахуст дар қароргоҳи президенти Белорус дар Минск гаштугузор карда ва баъд ба тамошои муросими пӯшидашавии Бозиҳои урупоӣ рафтанд.

Рахмон присоединился к встрече Лукашенко и Путина  - Sputnik Тоҷикистон
Куҷо биравем: Раҳмон роҳро ба Путин ва Лукашенко нишон дод – видеои мулоқоти ғайрирасмӣ

Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Минск бо ҳамтоёни русиягӣ ва белорусаш – Владимир Путин ва Александр Лукашенко мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод. Дидори сеҷониба 30 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид.

Гаштугузори Раҳмон, Путин ва Лукашенко дар Минск: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раҳмон ва Лукашенко ба якдигар чӣ ҳадя карданд?

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст гардид, баҳои баланд дод.

Шаби рӯзи 30 июн Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бозгашт.

Лентаи хабарҳо
0