Гӯсфанди калонтарин дар ОМ ва баҳси тоҷикону қирғизҳо: зоти ҳисорӣ аст ё нав - Видео

Обуна шудан
Гулливер - яке аз калонтарин гӯсфандҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Вазнаш 188 кг ва қадаш бештар аз 1 метрро ташкил медиҳад

Гулливер - гӯсфанди зоти ҳисорие дар Қирғизистон аст. Аммо ба гуфтаи соҳибонаш, он бо дигар зотҳо низ омезиш ёфтааст.  Гулливер дар фестивали байналмилалие ки дар Қазоқистон баргузор гардид, ҷои аввалро гирифт.

Феълан, дар Қирғизистон нақша доранд, ин гӯсфандро ҳамчун зоти нав ба қайд гиранд, аммо то қайд шудан, он ҳамчун гӯсфанди ҳисорӣ шинохта мешавад.

Албай Махманов, гӯсфандапарвари рақами яки Қирғизистон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки намехоҳад Гулливерро ба ҳеҷ арзише фурӯшад. Ӯ гуфтааст, ки нақша дорад, аз ин гӯсфанди ҳисорӣ наслҳои зиёде ба даст орад.

"Агар 1 миллион пешниҳод кунанд ҳам, ман ӯро ба касе намефурӯхтам. Гулливер ба худи Қирғизистон лозим аст, мо бояд ин зотро дар кишвар рушд диҳем", - изҳор доштааст вай.

Ба гуфтаи вай, дар як сол аз ин гӯсфанд то 120 барра тавлид мешаванд.

Гулливер, феълан 5,5 сол доштааст.

Лентаи хабарҳо
0