Марди 72-сола ҳуҷҷатҳояшро барои донишҷӯ шудан ба коммисия қабул пешниҳод кардааст

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар Узбакистон ба довталабон имкон додаанд, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба 3 донишгоҳ пешниҳод кунанд, то ки имкони донишҷӯ шудан зиёдтар бошад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Марди 72-солае аз Фарғона ҳуҷҷатҳояшро ба 3 донишгоҳи Узбакистон барои донишҷӯ шудан пешниҳод кардааст, иттилоъ додааст Маркази давлатии тестии назди Кабинети вазирони ҷумҳурӣ. 

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Аввал артиш баъд донишгоҳ: эҳтимоли бозгашти қонуни шӯравӣ ба Тоҷикистон

“Сокини 72-солаи Фарғона яке якбора ҳуҷҷатҳогяшро барои донишҷӯ шудан ба 3 донишгоҳ пешниҳод кардааст”, - гуфт намояндаи марказ.

Вай қайд кардааст, ки имсол мамониятҳои сину солӣ барои қабул шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар дар Узбакистон аз байн бардошта шудаанд. Ғайр аз ин имсол ба довталабон имкон додаанд, ки яке якбора ҳуҷҷатҳояшонро барои донишҷӯ шудан ба се донишгоҳ пешниҳод кунанд.

Дар маркази тестӣ маълумот додаанд, ки ин мард алакай дар соли 1973 техникуми кооперативии Фарғонаро хатм карда будааст ва акнун ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории Қуқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Намангон бо ихтисоси “забон ва адабиёти узбак” пешниҳод кардааст.

Мувофиқи пешгӯиҳои ин Марказ сафи довталабон то 1-1,2 млн. расад, ки шумораи онҳо як сол муқадам 700 ҳазорро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0