Машварату пайгирии намояндагони БАОР дар Тоҷикистон барои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак

Намояндагони гурӯҳи лоиҳакашии Бунёди авруосиёии устувор ва рушд (ФАУР), ки ба Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таалуқ дорад, барои пайгирии омодагӣ ба оғози корҳо дар неругоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон омаданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки авруосиёии рушд, дар ҷараёни сафар бо намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ вохӯриҳо баргузор гардида, дар онҳо масоили бештар муҳими марбут ба лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак баррасӣ шуданд.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба таҷдиду таъмири НБО “Норак” оғози расмӣ бахшид

“Аз ҷумла, дар натиҷаи кори муштараки гурӯҳи корӣ мувофиқаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ба анҷом расида, нақшаи баргузории озмун барои интихоби ширкати воридкунандаи таҷҳизоти трансформатор барои нерӯгоҳ омода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди қарз дар ҳаҷми 40 млн. доллар барои маблағгузории лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак” моҳи феврали соли равон аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд сурат гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи амалисозии лоиҳа харидорӣ, васлу насб ва ба истифода додани 6 автотрансформаторҳои якфазагӣ ба ивази таҷҳизоти ба ин монанд пешбинӣ шудааст, ки 40 сол пеш насб ва муҳлати истифодаашон ба охир расида, дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.

Омодагии Тоҷикистон ба оғози кори давраи дуюми лоиҳаи навсозии НБО Норак

Мувофиқи баъзе маълумотҳо ҳамаи корҳои навсозӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ бояд то анҷоми навсозии лоиҳаи даври якум, ки дар соли 2023 ба анҷом мерасад бояд анҷом дода шаванд.

Арзиши даври дуюми лоиҳаи навсозӣ 350 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Амалигардонии даври якуми ин лоиҳа моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида буд.

Дар даври якуми лоиҳа - солҳои 2019 -2023 мутахасисон се чарха, таҷҳизоти ёрирасон ва инчунин 6 трансформатори якфазаро бояд иваз кунанд.

Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷдиду таъмири НБО "Норак" дар семоҳаи дуюми соли равон шурӯъ мешавад

Айни ҳол аз сабаби куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти асосӣ, НБО Норак ба ҳама иқтидораш кор карда наметавонад ва тақрибан 2,6 ҳазор МВт тавлид мекунад. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи нақша ҳамаи 9 чархаи НБО Норак дар маҷмуъ бояд 3 ҳазор МВт қуваи барқ тавлид кунанд.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи нақшаи пешбинӣ шуда навсозии НБО Норак иқтидори барқтавлидкунии неругоҳро аз 3 ҳазори дар аввал пешбинишуда, то ба 3,3 ҳазор МВт мерасонад. Ҳамин тариқ баъди навсозӣ иқтидори барқтавлидкунии НБО Норак 10% зиёд мегардад.

Ёдовар мешавем, ки чархаи 1 НБО Норак 15 ноябри соли 1972 бар кор шуруъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала