Ҷейсон Стэтхэм қоил кард: шишаи обро бо пояш боз кард – навор

© Sputnik / Григорий Василенко / Гузаштан ба хазинаи аксДжейсон Стэтхэм на предпремьерном показе фильма "Неудержимые"
Джейсон Стэтхэм на предпремьерном показе фильма Неудержимые - Sputnik Тоҷикистон
Актёри машҳури бритониёӣ Ҷейсон Стэтхэм шишаи обро бо пояш боз карду корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар интернет қоил кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҷейсон Стэтхэм, актёри машҳури бритониёӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кард, ки ба миллионҳо нафар писанд омадааст.

Стэтхэм, ки бештар дар филмҳои жанри экшен фаъолият дорад бо як равиши каратэ шишаи обро боз намудааст.

Публикация от Jason Statham (@jasonstatham)

Ӯ шишаи обро бо пояш чунон боз намудаааст, ки ҳатто як қатра об бар замин нарехтааст. Ӯ ин наворро дар саҳифаи Instagram-и шахсиаш нашр кардааст.

Намехоҳам фарзандонам ҳунарпеша шаванд: Аброр Назаров

Ҷейсон Стэтхэм ба коргардони машҳури бритониёӣ Гай Ричи ва варзишкор Ҷеймс Мунтасри пешниҳод намудааст, ки бо чунин тарзи каратэ шишаи обро боз намоянд.

Нигаҳбоне, ки ҳунарпеша шуд: саргузашти Ҷиммӣ Тоҷик

Қаблан шишаи обро бо чунин тарз Конор Макгрегор ва Сергей Харитонов ва дигар шахсони машҳур боз намуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала