Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019

CC BY 3.0 / Pixabay / Гороскоп, архивное фото
Гороскоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи июли соли 2019 ба мутаваллидони бурҷҳои гуногун бо шарофати фартун бурдбориҳо меорад, тасдиқ мекунанд ситорашиносон

Июл барои намояндагони бурҷҳо, давраи интихобу қарорҳои муҳим мебошад. Тамоюлҳои манфӣ, ки дар моҳи гузашта мавҷуд буданд, паси сар мешаванд.

Даҳаи якуми моҳи июли 2019 ба шумо кӯмак мекунад, то мушкилоти молиявии худро ҳал намоед. Дар ин рӯзҳо дилхоҳ лоиҳа ва ташаббус бароятон даромад меорад, ва инчунин харидкунинии шумо низ бобарор хоҳад буд.

Барои аксари бурҷҳо даҳ рӯзи аввали моҳ босубот буда, вале мавридҳои дигари баръакс низ ба мушоҳида мерасанд. Диққати асосиро бояд ба шуғл ва ҳамкорони худ равона сохт.

Даҳаи дуввуми моҳи июли 2019 барои муносибатҳои шахсӣ бисёр қулай аст, аммо на барои ҳамаи бурҷҳо. Охири моҳ нишон хоҳад дод, ки имконоти мавҷударо чигуна босамар истифода кард ва даромади молиявие, ки ба даст овардед, чи хел ҳадафмандона масраф кард.

Пешгуйиҳои мухтасари ситорашиносон барои ҳамаи бурҷҳоро  Sputnik Тоҷикистон барои шумо омода намудааст.

Толеънома барои Ҳамал дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака Овен
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака Овен

Фолнома барои Ҳамал давраи мураккабро дар моҳи июли соли 2019 пешгуйи мекунад. Мутаваллидони ин бурҷро мебоист давоми моҳи тобистон ба тарзи нав мавқеи худро дар зиндагӣ дарёб кунанд.

Энергетикаи намояндагони ин бурҷ номустаҳкам буда, эҳсос ва ташвиш метавонад ба сардардиву бехобӣ оварда расонад, ки ин албатта ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар мобайнҳои моҳ Ҳамалҳо кунҷи танҳоиро ихтиёр намуда камгап мешаванд. Ба хароҷоти молиявии худ ҳадафмандона муносибат кардан, пешгуӣ мешавад.

Новый год 2019, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толеъномаи муфассали соли 2019 барои 12 бурҷи солшуморӣ

Ҳамалҳоро зарур аст, сафарҳое, ки қаблан барои моҳи июл тарҳрезӣ намуда буданд ба таъхир гузоранд. Зеро ба пешгуйии ситорашиносон ин бурҷҳо бо хатари моҷаро ва найранг дар ин моҳ бисёр наздиканд.

Чунин ҳолат танҳо дар қисми дуввуми моҳи июли 2019 тағйир меёбад. Ситорашиносон бар инанд, ки потенсиали бурҷҳои Ҳамал дар ин муддат боло рафта, ба мустаҳкам шудани вазъи молиявии онҳо оварда мерасонад .

Фолнома тавсия медиҳад, ки дар охири июли соли 2019 бештар ба андешаи шахсӣ такя намуда, фикри дигарон аз ҷумллаи пайвандонро сарфи назар кард. Моҳи июл барои пайдо шудани  дӯстдошта низ мувофиқ аст. 

Толеънома барои бурҷи Савр дар мохи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака Бык
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака Бык

Барои мутаваллидони бурҷи Савр ин моҳ бобарор хоҳад буд, новобаста аз он ки ноустувории муҳити зист ба рӯҳ ва ҷисми онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҳама давраи мушкил барои Саврҳо даҳ рӯзи аввали моҳ аст.

Ситорашиносон намояндагони ин бурҷро ба оромӣ даъват мекунанд,зеро баҳсу мулоҳизаҳои ҳарруза бо ҳамкасбон, метавонад ооҳоро аз ҷойи кор бенасиб кунад.

 Даҳаи якуми моҳ барои Сарвҳо ба нооромӣ дар оила ва нофаҳмиҳо бо пайвандон анҷом меёбад. Сарвҳоро беҳбудӣ танҳо дар даҳаи дуввуми моҳ интизор аст.

Нофаҳмиҳо бо оила ва хешовандон анҷом меёбад, инчунин аз ҷониби роҳбарият қадрдонӣ мешаванд. Дар даҳаи саввуми моҳ бошад номояндагони ин бурҷро маблағи лозима, кори ба дил мувофиқ дар пеш аст. Тақдир барояшон имкониятҳои хуб фароҳам хоҳад овард.

Толеънома ба онҳо инчунин ишқу муҳаббати муввафақ, ки ба туй меанҷомад, ваъда медиҳад.

Дар ин моҳи гармо ба Саврҳо маслиҳат дода мешавад,ки ба варзиш бештар машғул шуда ба гардан ва тахтапушти худ диққати бештар равона созанд.

Толеънома барои Ҷавзо дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака близнецы
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака близнецы

Дар моҳи июли 2019 Чавзоҳоро лозим аст,ки беҳштари вақти худро дар танҳоӣ гузаронанд.Толеънома ба Ҷавзоҳо маслиҳат медиҳад, ки аз ширкат дар нишастҳои пурғавғои одамони ношинос канорагирӣ намоянд.

Дар аввалҳои моҳ ҳангоми муносибат бо ҳамкорон аз эҳтиёт кор гиред. Зеро дар ин моҳ эҳтимол аст, аз ҷониби нафарони наздик фанд хӯред.

Даҳаи дуввуми моҳ бошад, ҳаёти шахсии Ҷавзоҳо ба мушкилӣ рубару мешавад. Ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо миёни ҳамсарон аз эҳтимол дур нест.

Танҳо даҳаи саввуми моҳ барои Ҷавзоҳо орому амнтар хоҳад шуд. Фолнома ба Ҷавзоҳо тавсия медиҳад, ки бештар ба дӯстони худ барои кумак расонидан муроҷиат намоед.

Толеънома барои Саратон дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака рак
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака рак

Дар ин моҳ мавқеи Саратонҳо қавитар мешавад, ва дар қабул намудани дилхоҳ қарор низ боҷуръаттар мешаванд. Толеънома ба Саратонҳо тасвия медиҳад, ки дар ин моҳ бештар истироҳат кунанд ва саломатии худро барқарор созанд.

Ҳамзамон ситорашиносон ба намояндагони ин гурӯҳ маслиҳат медиҳанд, ки ҳамаи кору аъмоли муҳимро ба даҳаи саввуми моҳ боқӣ гузоранд. Зеро дар ин давра Саратонҳоро даромади пулӣ ва кори муваффақ интизор аст.

Дар охири моҳ онҳоро ишқу муҳаббати шавқовар интизор аст. Аз ҷониби ширкатҳои калон пешниҳод шудани кори мувофиқ низ аз эҳтимол дур нест. Дар қабули пешниҳод баҷуръат бошед, зеро Саратонҳоро муваффақиятҳои калон дар пеш аст.

 Толеънома барои Асад дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака лев
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака лев

 Моҳи июл барои мутавалидони бурҷи Асад номуваффак хоҳад буд. Асадҳоро лозим аст бар ивази баромадҳои ҷамъиятӣ, бештар танҳоиро интихоб намуда, аз пайи барқарор кардани саломатии худ шаванд.

Зеро дар  ин моҳ Асадҳо метавонанд рӯҳан ва ҷисман хароб шаванд. Дар фаъолияти корӣ низ Асадҳоро ягон комёбӣ дар пеш нест.

Фолнома тавия медиҳад, ки дар ин моҳ намояндагони ин гурӯҳ  ба тамкин бошанд, то ҳамаи номуваффақиятро паси сар кунанд.

Дар даҳаи дуввуми моҳ асадҳоро дигаргуниҳо интизоранд. Дар охири моҳ бошад ба даст овардани даромади пулӣ пешгуйи мешавад. Аммо дар ҳаёти шахсӣ бошад,  Асадҳо ба мушкилӣ рубару мешаванд.

Толеънома барои бурҷи Сумбула дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака дева
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака дева

Мутавалидони бурҷи Сумбуларо нокомиҳое, ки моҳи пеш думболагирашон буд, дар ин моҳ ҳам аз худ дарак медиҳад. Аммо то ҳадал имкон паси сар кардани ин мушкилот ба Сумбулаҳо даст медиҳад. 

Пайваста асабонӣ шудани худро коҳиш диҳед, зеро ин раванд ба саломатиятон зарари калон мерасонад, тавсия медиҳанд ситорашиносон.

Дар даҳаи охири моҳ зиндагии Сумбулаҳо маҷрои дигарро кас мекунад. Дар ин давра онҳоро кори муваффақ, истироҳат ва сайру саййёҳат интизор аст.

Ситорашиносон ба Сумбулаҳо тавсия медиҳанд, ки аз дӯстдоштаи худ сирреро пинҳон накунанд, зеро он метавонад боиси пош хурдани муносибатҳояшон шавад.

Толеънома барои бурҷи Мизон дар мохи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака весы
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака весы

Моҳи июл барои бурҷи Мизон он қадар муваффақ нест. Дар ин моҳ мутаваллидони ин бурҷ аз камқувватӣ ва мушкилиҳо дар ҷойи кор азият мекашанд.

Муносибатҳо бо ҳамкорон низ на он қадар хуб хоҳад буд. Агар Мизонҳо худро ба даст нагиранд муносибати хуби қаблии онҳо бо ҳамкорон метавонад ба пуррагӣ пош хурад.

Толеъномаи муфассали соли 2019 барои 12 бурҷи солшуморӣ

Мизонҳо танҳо дар даҳаи дуввуми моҳ аз ҷониби хешовандон дастгирӣ мешаванд, ва ин боиси дилгармии онҳо шуда ба фаъолияти кории худ бодиққат мешаванд. Охири моҳ Мизонҳоро мулоқоти хубе бо собиқ дӯстдоштаҳо интизор аст.

Толеънома барои бурҷи Ақраб дар мохи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака скорпион
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака скорпион

Барои Ақрабҳо моҳи июн нобарор хоҳад буд. Дар даҳаи аввали моҳ Ақрабҳо ба номуваффақиятҳо дар ҷодаи хонишу корҳои илмӣ ва ҳатто дар сафару истироҳат дучор мешаванд.

Толеънома пешгуйи мекунад,ки аксар лоиҳаҳои Ақрабҳо дар ин моҳ бенатиҷа анҷом хоҳанд ёфт. Ин нобарориҳо дар даҳаи дуввими моҳ паси сар мешавад ва онҳо ба муваффақиятҳои беназир ноил мешаванд.

Аз масрафи барзиёди пул ва харидкунӣ худдорӣ намуданро ситорашиносон ба онҳо тасвсия медиҳанд.

Толеънома барои бурҷи Қавс дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака стрелец
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака стрелец

Аксар мутаваллидони бурҷи Қавс дар моҳи июл ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Аз ҳамаи даври вазнинтарин барои онҳо ин даҳаи нахусти моҳ аст, аз ин ру ба масъалаҳои молиявӣ бояд бештар таваҷҷуҳ намоянд.

Даҳаи аввали моҳ дар фаъолияти кории Қавсҳо дигаргунӣ рух медиҳад, ки ин боиси нороҳатии онҳо мегардад. Танҳо дар даҳаи дувуми моҳ, онҳо ба дигаргуниҳо одат намуда, ба пешравӣ ноил мешаванд.

Дар ин даҳа ҳамаи кору аъмоли онҳо бобарор мешавад. Баъди 19-уми июл намояндагони ин гурӯҳ бо одамони шинохта шиносоӣ пайдо мекунанд ва дар гуфтушунидҳо бо ҳарифон низ муваффақ мешаванд.

Нигох доштани парҳез ба Қавсҳо тавсия дода намешавад, баръакс толеънома маслиҳат медиҳад, ки охири моҳ аз пайи қавӣ намудани саломатии хеш бишаванд. Қавсҳо дар ин моҳ ба ҳаёти шахсияшон камтаваҷҷӯҳ мешаванд.

Толеънома барои бурҷи Ҷаддӣ дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака козерог
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака козерог

Моҳи июл барои намояндагони бурҷи Ҷаддӣ  орому бобарор хоҳад буд. Аммо дар муносибат бо ҳамкорон бояд эҳтиёткор буд, зеро аксар онҳо барқасдон кӯшиш мекунад, то намояндагони ин бурҷро асабонӣ намоянд.

Сукути шумо ба онҳо бештар таъсир мекунад, ва ба нафъи худи шумо анҷом меёбад, тавсия медиҳанд ситорашиносон.

Дар вақтҳои бекорӣ бештар ба муносибатҳои оилавиатон диққат диҳед. Охири моҳ толеънома ба Ҷаддиҳо сайёҳат пешгуйӣ мекунад.

Толеънома барои бурҷи Давл дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака водолей
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака водолей

 Моҳи июл барои мутаваллидони бурҷи Давл чандон комёб намешавад. Зеро намояндагони ин моҳ маҷбур бар он мешаванд,то кори ба дилашон нохушояндро иҷро кунанд, ки ин боиси нороҳатии Давлҳо мегардад.

Дар даҳаи аввали моҳ намояндагони ин бурҷ бештар бояд дар фикри саломатии худ бошанд, зеро асабонияти пайваста метавонад ба хурӯҷи бемориҳои қаблиятон оварда расонад.Толеънома Давлҳоро ба сабру тааммул даъват мекунад.

Танҳо даҳаи саввуми моҳ барои намоянждагони ин гурӯҳ бобарор мешавад. Дар ин давра Ҳутҳо гуйё ба худ омада, муносибатҳои хуберо бо наздикон барқарор мекунанд, инчунин ба онҳо  сайру сайёҳат низ пешгуйӣ мешавад.

Охири моҳ барои пайдо кардани дӯстдошта бисёр қуллай аст. Ҳамзамон интизор меравад охири моҳ роҳбарият лоиҳаҳои наватонро қабул намояд.

Толеънома барои бурҷи Ҳут дар моҳи июли 2019

CC0 / Pixabay / Знак зодиака рыбы
Толеъномаи дақиқ барои моҳи июли соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Знак зодиака рыбы

Мутаваллидони бурҷи Ҳутро дар аввалҳои моҳи июл нобарорӣ интизор аст. Онҳоро лозим то фикру идеяҳои худро канор гузошта, танҳо тибқи қарори бегонагон амал намоянд.

Даҳаи саввуми моҳ барои намояндагони ин бурҷ андаке хубтар буда дар ҷодаи зиндагии шахсӣ муваффақ мешаванд. Муҷаррадони ин гурӯҳ метавонанд дӯстдоштаҳои худро пайдо карда, оила барпо кунанд

Лентаи хабарҳо
0