Обуҳавошиносон: ҳарорат як каме поин омад аммо чангу ғубор боқӣ мемонад

© Sputnik / Амир Исаев"Афганец" накрыл Душанбе
Афганец накрыл Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 33-35 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри  бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

 Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Борони кӯтоҳмуддату раъду барқ: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва   рӯзона    22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0