Мудири кулли "Сомон Эйр" ба ҳайати Кумитаи тавсиявии IATA шомил шуд

© Фото авиакомпании "Сомон Эйр" / Bahrom JalilovТомас В. Халлам II
Томас В. Халлам II  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Томас Ҳаллам мудири кулли ширкати "Сомон Эйр" ба ҳайати Кумитаи тавсиявии IATA шомил шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Томас В. Ҳаллам II ба Кумитаи Тавсиявии Ассотсиатсияи Байналмилалии Нақлиёти Ҳавоӣ (IATA) шомил шуд, хабар медиҳад ширкати "Сомон эйр".

Дар ин бора дар ҷаласаи 75-уми Ассамблеяи генералии IATA, ки дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) баргузор шуд, хабар доданд.

Мақомоти олии ассотсиатсия ҳар сол роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ва шарикони калидии соҳаро ҷамъ меоварад.

Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони баландпоя нигаронӣ кардаанд: “Сомон Эйр” аз “Boeing 737 MAX” даст кашид

Гуфта мешавад, ки Кумитаи тавсиявӣ (Nominating Committee) мақомоти ёридиҳандаи Ассамблеяи генералии IATA буда, аз 10 аъзо иборат мебошад.

Кумитаи мазкур аз ҷониби Президенти IATA бо мақсади ҷамъоварии тавсияҳо барои Ассамблеяи генералии минбаъда интихоб намудани номзадҳо таъсис дода мешавад: ба ҳайати узвияти Шӯрои роҳбарон, ба вазифаи Мудири кулл ва Котиб.

Мудири минтақавии IATA Рэймондс Грунтинс дар суханронии табрикотии худ бахшида ба таъйин шудани Томас В. Ҳаллам II ҳамчун узви нави Кумитаи тавсиявӣ гуфт:

"Ин муваффақияти бузург буда, масъулияти зиёде талаб мекунад. Мутмаинам, ки дониши фарохи Шумо дар соҳаи авиатсия ва таҷрибаи байналмилалӣ дастоварди ҳақиқии Кумита хоҳад шуд ва Шумо ҷиҳати дастгирии авиатсия ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Осиёи Марказӣ муносибатҳоро бо дигар аъзои кумита рушду тақвият хоҳед бахшид. Бениҳоят муҳим аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" (ягона аъзои IATA аз Тоҷикистон) дар ассотсиатсияи мо дар ташаккули ояндаи авиатсия фаъолона иштирок намуд".

Мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-ро ҳамчунин Директори генералии IATA Александр Де Юниак табрик намуда, зикр кард, ки IATA ҳамеша омода аст ба ширкати "Сомон Эйр" кумаки худро расонад.

Лентаи хабарҳо
0