Путин ба Попи Рум фитаи филми "Гуноҳ"-ро ҳадя кард

© REUTERS \ VATICAN MEDIAПрезидент России Владимир Путин встретился с папой Франциском
Президент России Владимир Путин встретился с папой Франциском  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва Попи Рум Франсиск 1 дар Ватикан ба якдигар тӯҳфа доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Попи Рум Франсиск 1 фитаи филми "Гуноҳ"-и коргардон  Андрей Кончаловскийро ҳадя кард.

Ӯ ҳангоми ҳадяи тӯҳфааш ба поп гуфт, ки умед дорад, ӯ барои тамошои ин филм вақт меёбад.

Афзун бар ин, Путин ба Франсиск 1 китоби аксҳо аз наворгирии филм ва иконаи Перт ва Павлро ҳадя кардааст.

© REUTERS \ VATICAN MEDIAПрезидент России Владимир Путин встретился с папой Франциском
Путин ба Попи Рум фитаи филми Гуноҳ-ро ҳадя кард - Sputnik Тоҷикистон
Президент России Владимир Путин встретился с папой Франциском

Попи Рум низ ба Путин акси ҳаккокишудаи майдони Петр, ки онро наққоши италянӣ дар соли 1774 иҷро кардааст, тӯҳфа намуд.

Ёдрас мешавем, президенти Русия Владимир Путин 4 июл бо сафари корӣ ба Италия рафт. Дар ҳошияи сафараш раисҷумҳур бо Попи Рум Франсиск 1 дар китобхонаи поп дар қасри Аплстол ҳудуди як соат мулоқот кард.

Филми "Гуноҳ" ("Грех")- и коргардон Анлрей Кончаловский соли гузашта ба навор гирифта шуд. Филм ба ҳаёти ҳайкалтарош ва рассоми машҳур Микеланджело Буонарроти бахшида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0