Лаҳистон ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҷҳизоти тадқиқотӣ мехарад

© SputnikМедуниверситет в Душанбе
Медуниверситет в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин росто ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ва сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ёддошти тафоҳум имзо карданд

ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Рӯзи 5-уми июли соли 2019 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода сафири Лаҳистон дар Узбакистон ва ҳамзамон дар Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ва ёрдамчии сафир хонума Сайёра Тошпулатоваро  ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, дар соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино лоиҳаи грантии илмии “Ҷорӣ намудани таълимӣ мултимедӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки аз ҷониби сафоратхонаи ҷумҳурии Лаҳистон бо мақсади дастрас намудани таҷҳизотҳои илмӣ ҷудо гардида буд, бурд намуд.

Линейный парк Seoullo 7017 в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

Оғози амалишавии лоиҳаи мазкур шурӯъ аз соли нави таҳсил дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, мақсади асосии ташрифи сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ин ба тавсиб расонидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Лаҳистон мебошад.

Дар доираи лоиҳаи болозикр якчанд таҷҳизотҳо ҷиҳати гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дастрас карда мешавад.

Таҷҳизотҳои воридшаванда барои омӯзгорон да донишҷӯёни донишгоҳ имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар маркази болозикр тадқиқодҳои илмии худро гузаронанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала