Дар Самарқанд корхонаи қолинбарории Тоҷикистону Узбакистон кушода мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПроизводство на Кайраккумском Ковровом Комбинате
Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон ба маблағи 2,9 миллион доллар маҳсулот истеҳсол намояд

ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Қарор аст, нахустин корхонаи муштараки Urg-Taj, ки ба истеҳсоли ришта барои қолинбофӣ сару кор мегирад, дар минтақаи озоди иқтисодии "Ургут" ифтитоҳ ёбад, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.

Эмомали Рахмон запустил технологическую линию на предприятии Ковры Кайроккума - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсолот дар ширкати "Қолинҳои Қайроққум" зиёд шуд

Бар хабари манбаъ, бо кушода шудани корхонаи мазкур ва фаъол шудани дастгоҳи риштатайёркунӣ истеҳсоли маҳсулот дар корхона даҳчанд афзоиш меёбад.

Ҳадс зада мешавад, ки корхонаи муштарак метавонад истеҳсоли маҳсулоти қолинбарориро ба маблағи 2,9 миллион доллар ба роҳ монад.

Гузашта аз ин қайд мешавад, ки корхонаи мазкурро ҳукумати Узбакистон аз пардохти андоз низ озод намудааст.

Ҳамин тариқ корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон аз 3 то 10 сол аз пардохти наздики 10 намуд андоз озод карда шуд.

Даромади онҳо аз қолинбофӣ: муаррифии филми “Занони Роҳи Абрешим” дар Порис

Қобили зикр аст, ки корхонаи мазкур давоми ду соли ахир таваҷҷӯҳи беш аз 60 сармоягузори хориҷиро тавонист ҷалб кунад.

Дар Тоҷикистон низ фаъолияти ширкати "Қолинҳои Қайроқум" назаррас буда, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаи мазкур дар ҳаҷми 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинию тафтенгӣ истеҳсол намудааст.

Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонд.

Лентаи хабарҳо
0