Куштигири тоҷик дар Таиланд медали биринҷӣ гирифт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкГреко-римская борьба, архивное фото
Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Далер Ризозода, куштигири тоҷик дар қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар равияи юнонӣ-римӣ сазовори медали биринҷӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ миёни ҷавонон 9 июл дар шаҳри Чон Бурии Тайланд оғоз шуд ва то 14 июл идома меёбад.

Полное видео допроса задержанных по делу об убийстве мастера спорта по борьбе Чуева - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Дар чемпионат 308 варзишгар аз 20 давлати қора иштирок доранд. Онҳо дар равияҳои куштии озод, юнонӣ-римӣ ва куштии занона миёни ҳам рақобат мекунанд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, аз Тоҷикистон 4 варзишгар – Саидҷон Гулов дар вазни 57 кило, Шуҳрати Зафархон – 61кило дар риштаи куштии озод ва Далер Ризозода - 72кг ва Азимҷон Ҳамидов - 87кг дар бахши куштии юнонӣ-римӣ дар Тайланд қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, Далер Ризозода дар вазни 72 кило рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Деокҷин Ан бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари узбакистонӣ Алиҷон Ҳусейнов, ки медали нуқра гирифт, бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрд.

Ризозода баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Қирғизистон Алмазбек Бегалиев бо ҳисоби 5:0 дастболо шуда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

Гамид Джалилов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамид Ҷалилов куштигири тоҷик шомили раддабандии варзишкорони хориҷии Доғистон шуд

Медали тиллои ин вазнро Муҳаммадризо Маҳмуд Рустамии эронӣ соҳиб шуд. Варзишгари Ҳиндустон Раҳул Раҳул медали дигари биринҷиро ба гарданд овехт.

Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки Азимҷон Ҳомидов дар вазни 87 дар қувваозмоии якумаш аз Кумар Сунили ҳинду шикаст хӯрд.

Рӯзҳои 11-12 июл бонувон қувваозмоӣ хоҳанд кард ва13-14 июл қувваозмоиҳои куштии озод баргузор мешавад.

Далер Ризозода моҳи марти имсол дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар Уланбатори Муғулистон сазовори медали нуқра гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0