Ҷояшон холист: Убайдуллоев дар бораи мусибати оилавӣ ва дуояш дар ҳаққи ҳамсари марҳум

© Государственная дума РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон баъди як ҳафтаи даргузашти ҳамсараш Рӯзигул Каримова бо нашри як изҳорот дарди дилашро баён карда, барои шаҳрвандони кишвар барои ғамшарикӣ изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Убайдуллоев бо нашри як изҳорот гуфт, бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост.

Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Модари муваффақу ҳамсари хоксор: нақли хамсоя дар бораи Рузигул, ҳамсари Убайдуллоев

“Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд”, - изҳор дошт Убайдуллоев дар саҳифаи фейсбукияш.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар идома байте аз шоири маъруфи тоҷик, Гулрухсор Сафиро зикр кард, ки гуфтааст:  

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,
Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

Убайдуллоев таъкид намудааст, ки дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Убайдуллоев

Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад, - дуо кардааст Убайдуллоев ва дар идома аз даргоҳи Худованди мутаол барои онҳое, ки дар мусибати оилавӣ ғамшарикаш будаанд, саодатмандию шодкомии хонаводагиро таманно кардааст.

“Аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам. Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи Худованди мутаол таманно менамоем”, - навиштааст Убайдуллоев.

Рузигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, модари се фарзандаш – ду писар ва як духтар рӯзи 2 июл дар шаҳри Душанбе даргузашта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала