Бо дархости Файзову намояндаҳои Ҳукумат фурудгоҳ ба парвози Душанбе-Хоруғ иҷозат дод

© © Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкате, ки ба Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвоз анҷом медиҳад, мувофиқи талаботи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бояд барои ҳар як нишаст 101 доллар пардохт кунад. Аммо феълан бо дархости раиси ВМКБ ва баъзе аз намояндагони Ҳукумат фурудгоҳ муваққатан ба парвози ройгони ширкат иҷозат додааст

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Бо дархости раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони вазорату ҳукумати Тоҷикистон парвозҳо ба Душанбе-Хуҷанд-Душанбе тариқи ширкати "PACTEC International" барқарор шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Бадахшон хабар медиҳад.

"Имрӯз бо дархости раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, роҳбарияти Вазорату шахсони воломақоми Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, фурудгоҳи шаҳри Душанбе иҷозат дод, ки ҳавопаймои "PACTEC Internationa" аз пагоҳ парвози худро ба шаҳри Хоруғ боз оғоз намояд", - менависад манбаъ.

Вид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвоз ба Хоруғ баъди чанд соли таваққуф барқарор шуд

Бино бар иттилои манбаъ, парвози мазкур, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш шурӯъ шуд, ҳафтае боздошта шуда будааст.

Ба иттилои расонаҳо, далели лағв шудани парвозҳо аз Душанбе ба Хоруғ талаби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе будааст, ки  бастани шартнома ва пардохти 101 доллар барои ҳар як парвоз кардааст.

Гуфта мешавад, феълан фурудгоҳ ба ширкати "PACTEC International" иҷозат додааст, ки ройгон, вале муваққатан ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад.

Ёдрас мешавем, ҳавопаймое, ки ба Хоруғ парвоз анҷом медиҳад, ҳамагӣ дорои 6 ҷои нишаст буда, ду ҷой барои сарнишинон ва 4 барои мусофирон аст. Арзиши билет 1100 сомонӣ гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0