Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Хона аз 250 то 500 сомонӣ барои алоқаи ҷинсӣ: дар пойтахт боз як фоҳишахона ошкор шуд

© Free-Photos / PixabayКровать в номере, архивное фото
Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милитсия шаҳри Душанбе марди 27-солаеро дастгир намуданд, ки дар ташкили фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда 5 июли соли равон, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 31-солаи сокини пойтахт ва зани 31-солаи сокини шаҳри Гулистон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Человек закрылся подушкой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марди 55-сола барои ташкили фоҳишахона барои ҷавонони Хуҷанд

Инчунин шахси номбурда рӯзи 10 июли соли равон, хонаи истиқоматиашро, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 24-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва зани 35-солаи сокини шаҳри Бӯстон, шароит муҳайё намуда, аз онҳо 500-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

Ёдрас мешавем, ки ахиран кормандони милитсияи пойтахт зани 21-солаи сокини Душанберо бо гумони даллагӣ дастгир намуданд.

Номбурда, 8 июли соли 2019, дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе шаҳрвандон: марди 30-сола ва зани 24-солаи сокинони пойтахтро барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 500-сомонӣ гирифтааст.

Фоҳишахона барои чиниҳо дар Душанбе: асорат ва фурӯши бевазанҳо ошкор шуд

Худи ӯ, 8-уми июли соли 2019, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт шаҳрвандон: ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 23-солаи сокини ш.Норакро барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 400-сомонӣ гирифтааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала