Дар шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" автобус бо 20 мусофир чаппа шуд

Дар Узбакистон, дар 125 киломертии шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" автобуси мусофирбари Isuzu ба канори роҳ чаппа шудаст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бар асари чаппа шудани автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи Душанбе-Тошканд, дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мошиндузд дар шаҳраки Ғарм: Мерседесро рабуд аммо дур нарафту ба садама дучор шуд
Ду нафар аз  мусофирон, ки ҷароҳати вазнинитар гирифтанд, фавран  ба  беморхона интиқол ёфтанд. 

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Узбакистон хабар дода, афзудааст, ки ҳодисаи мазкур дар вилояти Сирдарё иттифоқ афтодаст.

Бар хабари манбаъ, дирӯз дар 125 километрии шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" ронандаи автобуси мусофирбад аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба канори роҳ чаппа шудаст.

"Бар асари садама ду нафар аз мусофирони автобус, ки сахт маҷрӯҳ гардиданд, фавран ба беморхона интиқол ёфтанд”,- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки садама ба айби ронандаи автомашинаи Chevrolet Spark , ки роҳи автобусро буридааст, рух дода, алъон ронандаи ин автомашинаро кормандони пулиси Узбекистон ҷустуҷӯ доранд.

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала