Тоҷикистон ҷонибдори раводиди ягона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардани раводиди ҳамсон ба визаи шенгени Иттиҳоди Аврупо – Silk visa-ро баррасӣ доранд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, 10- уми июли соли равон, ҷаласаи Шӯрои сайёҳони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи Tajikistantimes.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Имтиёз, раводид ва ханда: тасмими Тоҷикистон барои ҷалби гардишгарон бо усули нав

Бар хабари манбаъ, дар ҷараёни ҷаласаи мазкур масъалаи ҷорӣ намудани раводиди ба мисли Silk visa мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта мешавад ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон низ аз роҳандозии раводиди мазкур ҷонибдорӣ карданд.

Ширкатҳои маҳаллии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 80 дарсади сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд суол хоҳанд кард, ки метавонанд аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ боздид кунанд.

Ду паҳлавон раводид нагирифтанд: тафсилоти сабқатҳои 4 варзишгари тоҷик дар Будапешт

Дар ҳоли ҳозир посух ба ин суол онҳоро чандон шод нахоҳад кард. Зеро барои ворид шудан ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ бояд раводиди алоҳида бигиранд.

Коршиносон мегӯянд, тарҳи раводиди Silk Road Visa метавонад ба афзоиши ду баробари шумори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кумак кунад. Ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ низ дар як вақт сафар ба чандин кишвари Осиёи Марказиро пешниҳод хоҳанд кард.

Имтиёз, раводид ва ханда: тасмими Тоҷикистон барои ҷалби гардишгарон бо усули нав

Ба иқрори мансабдорони тоҷик, Silk Road Visa ба кишварҳои минтақа дар ҳалли мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ кумак мекунад.

Лентаи хабарҳо
0