Садамаи маргбори "Опел-Астра" дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар: зани ҷавоне ба ҳалокат расид

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, худравро ба ҷӯйбори бетонӣ чаппа кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Бохтар хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 11 июл, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Абдукарим Маъруфович, соли таваллудаш 1959, сокини н.Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Нападение на керченский колледж - Sputnik Тоҷикистон
Хамкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар натиҷаи садама дар Маскав ба ҳалокат расид

Дар натиҷа автомашина ба канори чапи роҳ баромада, ба ҷӯйбори бетонии дар канори роҳбуда, чаппа мешавад.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, Шарипова Хосият Неъматовна, соли таваллудаш 1960 ва Шокирова Ситора Абдукаримовна, соли таваллудаш 1981, сокинони н.Ҷайҳун ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Ҳангоми расонидани ёрии аввалини тиббӣ Шокирова С.А. аз ҷароҳатҳои гирифтааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Таҳқиқи ин ҳодиса давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0