Шавҳар – муҳоҷир: боздошти Забиров барои худкушии Гулбаҳори наварӯс

© Sputnik / Жоомарт УраимовЖенщина в платке
Женщина в платке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии ноҳияи Ҷайҳун якҷоя бо мақомоти милиса худкушии Гулбаҳор Фаромарзова, наварӯси 20-соларо дар хонаи шавҳари муҳоҷираш таҳқиқ карда, хусурашро боздошт намудаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Имом Забиров, сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳун барои ба худкушӣ расондани келини хоандонаш – Гулбаҳор Фаромарзова муттаҳам мешавад.

Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Келинам зани хуб буд: нақли хусуру хушдоман аз ҳодисаи куштори арӯсаке дар Истаравшан

Ба иттилои тафтишот, Забиров келинашро пайваста зери таҳқир ва латукӯб қарор медодааст, ки дар натиҷа Фаромарзова шабона худро бо рӯймоли сараш овехта, худкушӣ намудааст.

Мақомот таъкид кардаанд, ки алайҳи Забиров парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Назари худи Имом Забиров дар бораи ин қазия ва иттиҳоми мақмот маълум нест.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Гулбаҳор Фаромарзова бо писари Имом Забиров соли 2018 хонадор шудаасту шавҳараш баъди чанд моҳи ҳамзистӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Худкушии Гулбаҳор моҳи апрели соли равон рух дода, ӯ нахостааст ба хонаи шавҳараш равад, аммо сарфи назар аз ин рӯзе қабл аз худкушӣ Гулбаҳорро аз хонаи волидон ба хонаи хусараш бурдаанд.

ВУД дар пайи зикри ин қазия аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла калонсолони ҷамоатҳо ва мақомоти масъули давлатӣ дар маҳалҳо даъват кардааст, барои ҷилавгирӣ аз чунин фоҷиаҳо дар маҳалҳо чораҳои бештар андешанд.

Лентаи хабарҳо
0