Муроҷиати Раҳмон ба Чайка: нафароне, ки ҳуқуқи тоҷиконро нақз карданд, ҷазо дода шаванд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамтоии русиаш Юрий Чайка муроҷиат кардааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ даст доштанд, ҷазо дода шаванд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik.  Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия барои тафтиш ва ҷазои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар нақзи ҳуқуқшаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, дархост ирсол намудааст.  

Додситони кулли Тоҷикистон аз Юрий Чайка хоҳиш намудааст, ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

“Пас аз дидани аксҳо дар интернет Прокуратураи генералӣ ҳамон лаҳза ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия мактуб омода карду фиристод. Дар мактуб хоҳиш карда шуд, ки нисбати он кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон чунин рафтори ғайри инсониро роҳ доданд чораҳои зарурӣ андешанд”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон.   

Ёдрас мешавем, ки Аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори гуштингири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Сергей Чуев - Sputnik Тоҷикистон
Далелҳои нав дар қазияи куштори Чуев: ҳомилае набуду ҷавонони тоҷик ба ҳама мечаспиданд?

Қаблан дар шаҳри Маскав 4 шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир кардаанд.

Чуев, устоди варзиш дар гуштини юнониву румӣ шаби 7 июн, соати тақрибан 23 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишгари 34-соларо ба кӯл партофтаанд.

Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишгар дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Убайдуллоев дар бораи боздошти тоҷикон дар Маскав: ҳам сафорат пайгирӣ дораду ҳам маҷлис

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия низ эълон намуда буд, ки масъалаи боздошт ва рафтори бади кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони ҷумҳуриро зери назорат гирифтааст.

Обвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

Сафорат аз мақомоти расмии Русия даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо пайгирӣ намуда, аз ҷараёни он дақиқан маълумот диҳанд. Ҳамчунин дархост карда шуд, ки ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар рафти боздошти шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба қазияи куштори варзишкор дар Маскав ва дар ин робита боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дахл кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0