Дар Хатлон беш аз ду ҳазор соҳибкор барои маҳсулоти пастсифат ҷарима шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты
Жители Душанбе покупают продукты - Sputnik Тоҷикистон
Аз бозору нуқтаҳои савдои вилояти Хатлон 24 тонна маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд ва беш аз ду ҳазор соҳибкор ҷарима шуд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Аз бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншооти вилояти Хатлон наздики 24 тонна маҳсулоти пастсифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуда, беш аз 2 ҳазор соҳибкорон ҷарима шудаанд.

Финики - Sputnik Тоҷикистон
Ошкори воридоти 106 тонна хурмои пастсифат ва хориҷи он аз қаламрави Тоҷикистон

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Файзалӣ Бобоҷонов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вилоят хабар додааст.

Бино бар иттилои Файзалӣ Бобоҷонов, дар 6 моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ 5 ҳазору 838 санҷиш гузаронида шуда, барои риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 2 ҳазору 117 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 154 ҳазору 615 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибкор барои ворид намудани доруҳои пастсифат ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Вай афзуд, ки аз ин миқдор 12 ҳазору 350 дона тухм, 408 килограм маҳсулоти гӯштӣ, 1 ҳазору 66 кг маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 11 ҳазор кг маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулот мебошанд.

“Дар рафти санҷишҳо барои риоя накардани талабаотҳои санитарӣ 354 иншоот фаъолияташон муваққатан то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуд,- илова кард сардори марказ ва гуфт, ки аз ҷумлаи ин иншоот ҳуҷраҳои стоматологӣ ва 37 сартарошхона мебошанд”,- таъкид намуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала