Ҳафт муштзани тоҷик барои Ҷоми Президенти Қазоқистон қувваозмоӣ мекунанд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Нурсултон VII мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон оғоз гардид, ки то 20 июл идома меёбад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар - Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд.

Обед в столовой - Sputnik Тоҷикистон
Сарбоз барои мушт задан ба чашми сержант ҳукми шартӣ гирифт

Аз  Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 7 варзишгар – Бахтовар Сагизов - 57кг, Баҳодур Усмонов - 63кг, Бахтиёр Мирзомуҳаммад - 75кг, Шаббос Негматуллоев - 81кг, Сиёвуш Зуҳуров - 91кг миёни мардон ва миёни занон Миҷгона Самадова - 57кг ва Шоира Зулқайнарова - 60кг миёни бонувон сафарбар гардидаанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа 2 варзишгари Тоҷикистон Бахтовар Сагизов ва Баҳодур Усмонов бар ҳарифонашон ғалаба карданд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Бахтовар варзишгари Булғория Аррат Байанро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд, Баҳодур бинобар сабаби ба ринг набаромадани ҳарифаш Шалва Питсхелаурӣ аз Гурҷистон ғолиб дониста шуд.

Манбаъ афзуд, ки инчунин 17 июл ҳамаи намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо ҳарифонашон аз кишварҳои гуногун қувваозмоӣ мекунанд.

Муҳорибаҳо аз рӯи 8 вазн миёни мардҳо ва панҷ вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ИМА дарёфт мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0