Дар Ингушистон зани тоҷик фарзанди 7-солаашро ба талбандагӣ водор мекард

Додситонии Ҷумҳурии Ингушистон аз боздошти як зан - шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки фарзанди ноболиғашро ба талбандагӣ маҷбур мекард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти додситонии Ҷумҳурии Ингушистон, ин зани тоҷикикистонӣ, моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Сунҷени Ингушистон аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуда буд.

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда  - Sputnik Тоҷикистон
Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор

Бар хабари манбаъ,  шаҳрванди Тоҷикистон фарзанди ноболиғаи 7 солаашро ба талбандагӣ дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр водор намудаст.

Манбаъ меафзояд, тафтишот муайян накарданд, ки ин модар аз кай боз фарзандашро ба гадоӣ маҷбур мекард, вале далели воқеии иштироки кӯдаки ноболиғаш дар талбандагӣ тасдиқ гардидааст.

Ҳамин тавр, Додситони Ҷумҳурии Ингушистон қарор баровард, ки ин модари тоҷикистониро ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум намояд ва ҳамчунин номбурдаро ба пардохти ҷарима ба миқдори 5 ҳазор рубли русӣ низ водор намудаст.

Чаро талбандагӣ кардӣ?: директори интернат дар Хатлон хонандаро бо чӯб латту кӯб кард

Дар Тоҷикистон низ сафи нафароне, ки ба талбандагӣ машғул ҳастанд, кам нестанд.

Чанде қабл, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз "бизнес"-и нангини се ҷавон дар Душанбе хабар дода буд, ки  бо истифода аз пирамарди дармондае талбандагӣ мекарданду маблағи бадастомадаро байни ҳам тақсим менамуданд.

Аз талбандагӣ то дилхушӣ дар марказҳои букмекерӣ: ВКД 54 навраси оварагардро ошкор кард

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала