Дар Душанбе беҳтарин корхонаву соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ муайян шуданд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаДевушка за швейной машинкой
Девушка за швейной машинкой - Sputnik Тоҷикистон
Барои аввалин бор дар Тоҷикистон корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар барои соли 2019 муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ахиран, бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) дар шаҳри Душанбе Форуми миллӣ бахшида ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба Чин мебаранд

Форуми миллӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор гардид, ки ин Барнома дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад.

Дар форуми мазкур намояндагони ширкатҳои хусусии соҳа, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ва созмонҳои байналмилалӣ, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш, барои аввалин бор дар таърихи кишвар корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар соли 2019 дар панҷ бахш муайян гардиданд. Рӯйхати ғолибони ин озмун ба ин тартиб аст:

  • Корхонаи беҳтарини коркарди ниҳоии нахи пахта: “Ҷавонӣ” (Хуҷанд) дар ҷойи якум ва “Сатн” (Хуҷанд) дар ҷойи дуюм;
  • Корхонаи беҳтарини ресандагӣ: “Файзи Истиқлол – 2011” (Ҳисор);
  • Корхонаи беҳтарини кешбофӣ (ҷӯроббофӣ): “Ваҳдат” (Ёвон);
  • Корхонаи беҳтарини дӯзандагӣ: “Лидер” (Хуҷанд) дар ҷойи якум ва “Гулистони Душанбе” (Душанбе) дар ҷойи дуюм;
  • Соҳибкори беҳтарини ҷавони соҳа: Илҳом Мирзоев – соҳибмулк, директори генералии ҶДММ “Ваҳдат” (Ёвон).

Собиқадорони меҳнати соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии фаъоли аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ барои нақш ва заҳматҳояшон дар рушди саноати кишвар қадрдонӣ шуданд.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба Чин мебаранд

Дар шимоли ҶТ бузургтарин корхонаи нассоҷӣ дубора ба кор оғоз мекунад

Дар анҷом, ҳайъатҳои нави Шӯрои ИРБаХТ ва комиссияи назорати тафтишотии ИРБаХТ, ҳамчунин, Раиси Шӯрои ИРБаХТ интихоб гардиданд. Файзалӣ Раҷабов, ки аз соли 2017 Раисии Шӯрои ИРБаХТ-ро бар дӯш дорад, барои давраи то соли 2021 аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала