Ширкати “Сомон Эйр” маркази таълимӣ таъсис дод

© © Пресс-служба "Сомон Эйр"Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов
Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун Маркази таълимии авиатсионӣ (МТА) таъсис дод

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маркази таълимӣ дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷойгир шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.

Манбаъ таъкид намудааст, ки Маркази таълимии мазкур на танҳо барои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, дар умум барои авиатсияи тоҷик таъсис ёфтааст.

“Дарҳои мо барои кулли хоҳишмандон кушодаанд. Ифтихор аз он дорем, ки саҳми худро дар омода кардани кадрҳои касбӣ каме ҳам бошад мегузорем», — иброз доштааст ширкат.

Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлу нақли коло тавассути "Сомон Эйр" осон мешавад

Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  барои гузаронидани омӯзиш мебошад.

“Маркази таълимии авиатсионӣ дар назди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯизаминиро мегузаронад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла дастурдиҳандагоне гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодаи ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии шуҳратманди ҷаҳон дарс омӯхтаанд”,- қайд намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳуқуқ дорад, ки ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад ва курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳои Boeing 737 Classic ва Boeing 737 Next Generation, ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқолоти ҳавоӣ ва интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати сарнишинон, инчунин мутахассисон доир ба бехатарии авиатсиониро ташкил кунад.

Томас В. Халлам II  - Sputnik Тоҷикистон
Мудири кулли "Сомон Эйр" ба ҳайати Кумитаи тавсиявии IATA шомил шуд

Илова бар ин, МТА “Сомон Эйр” ҳуқуқ дорад вобаста ба омодагии ибтидоии дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳо, ҳамчунин омодагии рӯизаминии довталабон барои шомил шудан ба сафи сарҳавонавардони ҳавопаймо ва ҳайати парвозӣ машғулиятҳо гузаронад.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 узви IATA мебошад.

Лентаи хабарҳо
0