Ҷавонон барои Ҷоизаи Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд

© © SputnikУченики Зебинисо Рустамовой
Ученики Зебинисо Рустамовой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонони камонвари кишвар барои дарёфти ҷоизаи мураббии шоистаи ҷумҳурӣ, Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқаи мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба тариқи кушод аз 20 то 22 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мешавад.

Зебинисо Рустамова со своим учеником - Sputnik Тоҷикистон
Тирҳои камони Зебинисо ва шогирдонаш: ҳамеша нишонрас ва пурҳадаф

Манбаъ афзуд, ки ҷавонони 17-20-сола метавонанд дар ин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ дар риштаи камонварӣ сабқат кунанд.

Дар робита ба мусобиқа Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки барои иштирок дар мусобиқа дар сатҳи маҳал ва минтақа ду даври интихобӣ доир мегардад.

“Баргузории мусобиқаи интихобии маҳаллӣ 21 июл дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шуда, бо иштироки ғолибон марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят доир карда мешавад”, - омадааст даро иттилоия.

Кумита таъкид кардааст, ки ғолибони озмуни сатҳи минтақа ва вилоят барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0