"Нуфузи БМТ-ро паст мекунад": БМТ изҳороти Палатаи ҳисобро "нодуруст" хонд

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри маводе, ба изҳороти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон вокуниш кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. БМТ гуфтааст, ки маълумоте, ки рӯзи 18 июли соли 2019 аз Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ироа шудааст, воқеъият надорад.

Рӯзи 18 июли соли 2019 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст , ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ хисороти молӣ ошкор карда шудааст.

Ба қавли Бонки миллии Тоҷикистон, маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Здание Счетной палаты РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зимни 156 санҷиши аудиторӣ беш аз 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

Зимни 156 санҷиши аудиторӣ беш аз 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

Бояд тазаккур дод, ки изҳороти марбуот ба ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад. 

Воқеият ин аст, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашудааст. Вале сарфи назар аз ин, дар баъзе изҳорот ва маълумотҳои Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи умумии 8,3 млн. сомонӣ ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда мешавад, ки он асосманду собитшуда набуда, ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад. 

Дар таркиби маблағи мазкур 6,2млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди аз ҷониби худи Бонки миллӣ ҳисобкардашуда ва 1,5 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи ҳисобкардашуда ва тасдиқнашуда дар назар дошта шудааст. 

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба санҷиши ширкати “Барқи тоҷик” меравад

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маблағгузориҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, мустақилона ва бе дахолати санҷишгарони Палатаи ҳисоб захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир ташкил намуда, тибқи тартиби муқарраршуда аз он ба маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки супоришномаҳои пардохтӣ онро тасдиқ менамоянд.

Ин маблағи андозҳои супоридашуда аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст.

Ҳол он ки ин ҷо ягон барқароркунии андоз ҷой надошта, дар доираи пардохтҳои ҷории Бонки миллӣ сурат гирифт ва чунин арзёбӣ намудани Палатаи ҳисоб ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро чуноне ки дар боло таъкид намудем, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст.

Ҳамчунин, дар таркиби маблағи дар боло зикршудаи зарари молиявӣ ба қавли санҷишгарони Палатаи ҳисоб “маблағи андозҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшшуда дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ” (аз он 1,2 млн. сомонӣ андоз аз фоидаи соли 2016) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки он ҳам ба воқеият мутобиқат намекунад.

Здание Счетной палаты РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон норасоии 42 миллион долларро дар корхонаҳои давлатӣ ошкор кард

Зеро зимни санҷиши маҷмӯии аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз гузаронидашуда бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи мазкур пурра санҷида шуда, ягон ҳолати кам ҳисоб намудани андоз аз фоида ошкор нагардид ва дурустии тартиби ҳисоби андозу пардохтҳо тасдиқ карда шуд (санад аз 08.04.с.2019).

Яъне, аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба зарари молиявӣ мансуб донистани маблағи мазкур заминаи воқеӣ надорад. 

Зимнан, роҷеъ ба масъалаи мазкур баъд аз санҷиши гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба худи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи асоснок пешниҳод гардида буд, вале сарфи назар аз ин, аз ҷониби Палатаи ҳисоб асосу далелҳои зикрнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст. 

Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0