Ҳар моҳ 350-400 сомонӣ пули барқ месупорам: муроҷиатномаи декани донишгоҳ

CC BY-SA 3.0 / alzium / Здание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саъдӣ Маҳдӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пасманзари боло бурдани нархи барқ дар кишвар пешниҳод кардааст, ки барои омӯзгорону кормандони дигари муассисаҳои буҷавӣ, ки тавони пардохти пули барқу обу замину дигарро надоранд, сабукиҳо ироа гарданд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ пешниҳод кардааст, ки ё нархи барқ баланд нашавад, ё ба муаллимон сабукиҳо ироа гарданд.

Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабаби қиммат шудани арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон маълум шуд

“Ман ҳар моҳ зиёда аз 350 - 400 сомонӣ пули барқ месупорам. Дар зимистон аз 500 сомонӣ зиёд мешавад. Ҳеҷ вақт қарздор набудам. Нархи як киловат 19.37 дирам. Ин хеле вазнин аст. Бо ин маоши муаллим имкони супоридани пули барқу обу замин ... нест”, - изҳор доштааст Маҳдӣ дар саҳифаи фейсбукияш.

Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки агар ҳама пули барқро ба “Амонатбонк” супорад, пас набояд ширкати “Барқи тоҷик” қарздор шавад.

“Яъне нархи барқ набояд боло равад. “Барқи тоҷик” қарзашро супорад, тамом! Ман чун як муаллим пешниҳод дорам, ки барои кормандони муассисаҳои буҷавӣ имтиёз ҷорӣ шавад. Яъне фоизи муайяни маошашро ба хизматрасониҳои гуногуни комуналӣ супорад. Дигар иштирокчиёни ҶБВ ва интернатсионалу Чернобил кам монданд. 2-3 сол пас намемонанд. Имтиёзро ба ҳамин муаллимон додан даркор. Инҳо воқеан қаҳрамонанд, ки мактабро раҳо накарда, ба тарбияи фарзандони мо машғуланд. Ё умуман нархи барқ баланд нашавад!”, - таъкид кардааст Саъдӣ Маҳдӣ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Саъдӣ Маҳдӣ инчунин изҳор доштаанд, ки маоши кормандони соҳаҳои дигар низ - аз духтур то кишоварз паст буда, тавони бардошти нархҳои гарони барқу дигар хадамоти коммуналиро надоранд.

Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи тарофаи барқ дар Тоҷикистон боз боло меравад

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори Ҳукумати кишвар аз 1 сентябри соли равон аҳолии кишвар барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам, 22,66 дирам  маблағ пардохт хоҳад кард. Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи истифодабарандагони барқ, ба истиснои корхонаи “Талко” боло меравад.  Ширкати алюминийи точик, “Талко”, ки қисми аъзами нерӯи барқи кишварро мегирад, аз имтиёз бархӯрдор буда, нархи тақрибан се баробар камтар аз аҳолиро пардохт мекунад.

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ахиран ҳадафи боло бурдани нархи нерӯи барқро беҳбуди вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” хонда, изҳор дошт, ки барои рушди бахши энергетика беш аз 2 миллиард маблағ қарз ҷалб гардидааст, ки он бояд ба гуфтаи ӯ аз ҳисоби муштариёни барқ пардохт гардад, на аз ҳисоби буҷаи давлат. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди имтиёз ва нархи ба маротиб арзони барқ барои “Талко” изҳор доштанд, ки сабукиҳо дар доираи барномаи махсуси давлатӣ барои дастгирии ин корхона ироа мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0