Давлатзода ба гурӯҳи нахустин зоирини озими ҳаҷ: дар Макка боодоб бошед

© © Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи зоирини тоҷик иборат аз 160 нафар хонаи Худоро зиёрат мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гардид.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зоиринро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумита ва намояндагони сохторҳои дахлдор гусел намуданд.

Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода таъкид кардааст, ки “ҳар яки шумо ба манзалати сафир ва муаррификунандаи кишвари худ хоҳед буд” ва аз зоирон даъват намудааст, то бо одобу рафтор ва тамкиини хос аз худ ва кишвари худ хабар диҳанд.

Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои баланди Раҳмон ба Давлатов, ки ҳаҷ нарафту маркази хизматрасонӣ сохт

Давлатзода дар идома иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҳамасола барои таъмини шароити хубу арзанда барои зоирони тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешавад ва чунин шароити арзанда имсол низ барои ҳаҷравандагон муҳайё гардидааст.

Гирифтани селфӣ дар Ҳаҷ ҷоиз аст?: посухи рӯҳонӣ

Бино ба иттилои манбаъ, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ бо ёдоварӣ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ки кишвари мизбон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мавсими имсолаи ҳаҷ омодагии ҷиддӣ дида, хизмат ба зоиронро шараф медонад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои 20 ходими хидматнишондода квотаи Ҳаҷ ҷудо кард

Манбаъ афзуда, ки сафари зоирони тоҷик даҳ рӯзи дигар тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватании "Тоҷик-Эйр" ва "Сомон-Эйр" ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0